Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон муҷассамаи шоирон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки 9 сол пеш барканда шуда буд, дубора барқарор гардид.
Тавре ба шумо маълум аст, ин рӯйдоди фараҳбахш моҳи марти соли равон ба вуқӯъ пайваст. Ин асари санъату фараҳанг ҳанӯз соли 1970 бунёд гардида, бо муаллифони ин пайкара - Ҳакимхоҷа Ҳусниддинхоҷаев (1928-1986) ва Владимир Лунёв (1936-1993) мо табиист, ки вохӯрда наметавонистем.
Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки ба рассом ва ҳайкалтарош Нуриддин Калонов, ки ба ӯ дар муддати 10 рӯз ҳамроҳ бо дастаааш барқарор кардани пайкара муяссар шудааст, муроҷиат намоем.
Муҷассама рамзи муносибатҳои барқароршуда байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дӯстии ногусастании мардуми тоҷику ӯзбек аст.
Мутмаинем, ки маълумот доир ба ҳаёти мардуми оддӣ натанҳо аз шаҳрҳои бузург, балки аз шаҳрҳои хурд ё ба сурати умум на аз шаҳр, дар расонаҳои имрӯз хеле камёфтанд.
Аз ин рӯ, дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Салом соседи!», ки баҳри ба ҳамдигар боз ҳам наздиктар шудани тоҷикону ӯзбекон роҳандозӣ шудааст, мо бо ҳамкоронамон талош хоҳем кард, ки ин камбудӣ бартараф шавад.
Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.tj ва [email protected].