Субҳи рӯзи 26-май дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе сокини 9-милионуми кишвар ба дунё омад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, модари тифл сокини шаҳри Душанбе Назира Муллоҷоноваи 28-сола соҳиби як писар буда, мутахассиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад. Падари тифл Фирӯз Латипови 32-сола ба фиати маъмури фурӯш дар Маркази савдои «Ёвар» машғули кор аст.
Гуфта мешавад, вазни духтарча 3 киллограму 600 грамм буда, қадаш 51 сантиметр мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 8/9 хол баҳо дода шудааст.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон падару модари тифли 9-миллионаи тоҷикро табрик гуфта, ба раиси шаҳри Душанбе дастур дод, ки оилаи тифли бадунёомадаро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намояд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдори худро доир ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз маркази пойтахт ба Назира Муллоҷонова имзо намуд.
Назира Муллоҷонова баъди аз таваллудхона баромадан ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нави хеш гусел карда мешавад. Ҳамчунин бо ташаббуси раиси шаҳр манзили зисти тифли 9 миллиона бо тамоми ашёи рўзгор таъмин мегардад.
Аҳли хонавода ва падару модари Назирабону ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе миннатдории худро баён намуданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони Тоҷикистонро ба муносибати ба 9 миллион нафар расидани аҳолии мамлакат табрик кард.
Модари тифл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки: «Дар ягон гӯшаи хаёлам набуд, ки фарзанди ман шаҳрванди 9-миллионаи кишвар мешавад. Ман ҳатто намедонистам, ки аҳолии Тоҷикистон ба қарибӣ 9 миллион мешавад. Бар болои хурсандии ба дунё омадани тифл ин хурсандӣ зам шуд».
Врачей легендарного Марадоны отправили под суд
Госдума России рассмотрит запрет на льготное жилье для мигрантов, недавно получивших гражданство РФ
Саакашвили приговорили к девяти годам тюрьмы
Новая налоговая ставка на транспорт еще не принята. Опровержение от «Азия-Плюс»
Цены на утилизацию увеличиваются только для автомобилей, которые импортируются в Таджикистан
В Таджикистане озвучили стоимость хаджа в этом году
В Польше задержали женщину за торговлю человеческими органами. В числе жертв – таджикистанцы
Wildberries определил популярные подарки на 8 марта
Таджикистан и Китай намерены возобновить прямое авиасообщение между Душанбе и Пекином
В России предложили проверить ММА-клубы на связь с радикалами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста