Охири солҳои 90-ум дар Тоҷикистон худ ба худ бозори кирояи коргарони касбу корҳои гуногун ба вуҷуд омад, ки сокинони маҳаллӣ онро мардикорбозор ном мебаранд. Замоне ин ҷо одамоне ҷамъ меомаданд, ки бо кадом як сабабе барои худ ҷойи кори доимӣ надоштанд ё ба пулкоркунӣ ба хориҷи кишвар рафта натавонистаанд.
Бо вазъи ин маҳал, ки дар он аллакай садҳо нафар тоҷикистониён ҷойи кор пайдо мекунанд, Muhojir.news.tj аз наздик шинос шуд. Маълум шуд, ки акнун ҳиссаи асосии мардикоронро дар ин ҷо тоҷикистониёни аз Русия хориҷшуда ва вурудашон ба ин кишвар манъшуда ташкил медиҳанд.
Замоне 20 сол пеш мардикорон ин қадр зиёд набуданд, 50-100 нафар, на бештар аз он. Лекин баъдан бозори мардикорон васеъ шуда, барои шаҳри Душанбе маъмулӣ шуд, он шахсонеро ҷамъ меоварад, ки бо сабабе бекор монда ё аз Русия хориҷ шудаанд. Дар ин бозор фурӯшгоҳҳо нестанд, бо мардикорон қарордод бастан лозим нест, ин ҷо қувваи корӣ фурӯхта шуда, ҳар кадоме мувофиқи салоҳдиди худ меҳнаташро нархгузорӣ мекунад.
Ҳозир дар Душанбе кори сохтмон дар ривоҷ буда, қувваи арзони корӣ хеле зарур аст. Касоне, ки мехоҳанд бо маблағи начандон зиёд кори вазнин, аз қабили кӯчонидани хона ё таҳкурсӣ, берун баровардани партов ва ғайраро анҷом диҳанд, ба мардикорбозор меоянд.
Мардикорон асосан назди бозорҳои бузурги пойтахт - «Султони Кабир», «Деҳқон» ва назди маркази савдои «Саодат», ки маъмулан серодаманд, ҷамъ меоянд. Айни замон танҳо дар як чунин нуқта беш аз 500 мардикор ҷамъ мешавад. Мо бо чанде аз онҳо суҳбат оростем, то ки аз рӯзгори ҳозираи собиқ муҳоҷирони маҳрумшуда аз имкони кор дар Русия воқиф гардем.
Дилшод Амирқулов, 42-сола
Дар Доғистон назди кореягиҳо дар саҳро кор мекардам. Ҳамзамон аз онҳо касби дуредгариро меомӯхтам. Соли 2001 ба муноқишае афтода, шахсони маст маро лату кӯб карданд, ки дар натиҷа майнаам зарб хӯрда, ҳозир ҳам тарафи ростам пурра солим нест.
Ба хона баргашта, муддати хеле зиёд табобат гирифтам. Соли 2006 каме сиҳат шуда, ба мардикорбозор баромадам. Ҳозир роҳ мегардам, лекин бо мушкиливу оҳиста-оҳиста, зеро аз тезгардӣ метарсам.
Вақте ки соли 2006 ман ин ҷо ба корҷӯӣ баромадам, мо ҳамагӣ 60 нафар будем, акнун бошад, шумори мо аллакай 300 нафарро ташкил медиҳад.
Ман кори вазнин карда наметавонам, аз ин рӯ, каме пул кор карда, дастгоҳҳои кафшергарӣ харидам. Бо ин кор ман ҳозир рӯгори оилаву фарзандон ва волидони пиронсоламро таъмин мекунам. Ин вазифаи ман аст. Шояд писари калониам низ баъди мактаб ҳамроҳи ман ба кор барояд, то ки вазъи молиявиамон беҳтар шавад. Дар бораи идомаи таҳсилаш каме баъдтар сари як хулосае мерасем.
Дар як рӯз ман 20 сомонӣ пул кор мекунам, пештар даромади якрӯзаи ман ба 60 сомонӣ баробар буд.
Ҳолатҳое мешаванд, ки фиреб медиҳанд, маблағи пешакӣ мувофиқашударо пардохт намекунанд ё тамоман пардохти маблағро рад мекунанд. Мо шартномаҳои расмӣ намебандем ва табиист, ки қарордоди шифоҳии мо ҳеҷ гуна кафолат дода наметавонад.
Боре як милистионер дар мардикорбозор аз ман шиноснома пурсид. Он рӯз дохили шиносномаам 150 сомонӣ пул доштам. Ӯ пулро аз дохили шиноснома гирифта, онро ба ман баргардонид ва ба саволи ман, ки пулҳоямро диҳед, посух дод, ки бо ту ҳеҷ гапе намешавад. Дигар ман ӯро ин ҷо надидам, лекин ҳарос аз милитсионерҳо боқӣ монд.
Қобилҷон Зоиров, 28-сола
Соли 2007 баъди хатми мактаб ба инҷо омадам. Фикр доштам, ки каме пул кор карда, ба таҳсил идома медиҳам. Дар мактаб хуб таҳсил мекардам, лекин пул набуд, ки ба мактаби оли дохил шавам. Ҳамчунин барои таъмини рӯзгори волидон низ пул лозим буд.
Баъдан оиладор шуда, фарзандон ба дунё омаданд ва акнун лозим меомад, ки ҳамеша бо худ пул дошта бошӣ.
Ҳозир 10 сол таҷрибаи мардикорӣ дорам. Дар ин муддат ду маротиба ба Русия рафта, боз ба ҳамин ҷойи маъмулии худ баргаштам.
Барои ман фарқе надорад, ки чӣ гуна кор пешниҳод мекунанд, муҳимаш барои кор пул диҳанд. Ман аз вазнинии кор шикоят надорам, зеро ин маблағ рӯзгори оилаи маро таъмин мекунад. Лекин табиист, ки ояндаро ҳам фикр мекунам, ки то чӣ қадр мардикорӣ карда метавониста бошам?
Талабот ба мардикорон ахиран кам шудааст. Яъне шумори мо зиёд шуда, гузашта аз ин, буҳрон ба он сабаб гардид, ки одамон кӯшиш доранд дигар барои коргари сиёҳ пул харҷ накунанд. Акнун ҳафтаҳо ин ҷо меистем, лекин кор намеёбем.
Пештар ман дар як рӯз то 150 сомонӣ пул кор карда метавонистам.
Илова бар ин, аксар вақт моро фиреб мекунанд - боре мо гапзанон кардем, ки дар се рӯз корро ба анҷом расонида, ба ҳар кадомамон 300 сомонигӣ пул медиҳанд, вале дар ниҳояти кор ба мо 100 сомонигӣ пул доданд. Ин ҳолатҳо доимо такрор мешаванд.
Ҳозир мақсади ягонаи ман ба таҳсил фаро гирифтани фарзандонам аст, онҳо дар мактаб аъло мехонанд. Фарзандон бояд дар корашон мисли ман азоб накашанд, ҳар рӯз корро интизор нашаванд.
Насрулло Тағоймуродов, 33-сола
Ман аз 17-солагӣ дар Русия ба кор оғоз намудам. Бо сабаби мушкили молиявӣ вақти мактабхониам дар бораи гирифтани маълумоти олӣ ё ягон касб фикр намекардам. Фикри асосӣ гирди чӣ гуна пул кор кардан чарх мезад.
Дар Русия дар сохтмон кор мекардам. Ҳар моҳ 25 ҳазор рубли русӣ пул кор мекардам, ки бароям кифоя буд, вале соли 2017 маро аз Русия хориҷ карданд. Бе пул ба хона баргаштам.
Ба зодгоҳам - ноҳияи Восеъ баргаштам, лекин дар ин ҷо мисли пештара кор набуд, ин ҷо ягон касе ба коргари ёридиҳанда (сиёҳ) муҳтоҷ нест.
Се фарзанд ва волидони пиронсол дорам. Бинобар ин, бо умеди ба мардикор эҳтиёҷ доштани касе, роҳи пойтахтро пеш гирифтам.
Дар Тоҷикистонам, вале ин ҷо ҳам наметавонам, ки доимо бо ҳамсару фарзандонам якҷо бошам. Онҳо дар ноҳияву ман дар Душанбе қарор дорам. Ин ҷо бо дӯстонам дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунам. Як бор дар ду ҳафта ба аёдати наздиконам меравам. Вақти боқимонда инҷоям, то ки рӯзгори онҳоро таъмин кунам.
Ятим Одинаев, 35-сола
Ман аллакай 10 сол аст, ки мардикорӣ мекунам ва ин ҷо одамони зиёди касбу кори гуногунроо вохӯрдаам. Сол то сол шумори онҳо меафзояд. Масалан, одамоне, ки ҳозир ин ҷо қарор доранд, аз одамони пешина тамоман фарқ доранд.
Ман чандин маротиба дар Русия будам, ба сифати ёридиҳанда (коргари сиёҳ) дар сохтмонҳои Русия кор кардаам. Лекин бо пардохти ҳамаи андозу пули патент, маблағҳои дурусткунии ҳуҷҷатҳо маълум мешуд, ки барои ба хона фиристодан умуман ягон чизе ё як миқдори хеле ночиз боқӣ мемонад. Кор барои ман фоидаовар набуд, аз ин рӯ бозпас ба Тоҷикистон баргаштам. Маблағе, ки дар Русия кор мекардам, дар ҳамин бозор кор карда метавонам. Хубиаш боз дар он аст, ки ин ҷо мудом аз санҷишҳо ҳарос надорӣ, тайёр кардани бисёр ҳкҷҷатҳо ҳам лозим нест.
Касбам устои техникаи санитарӣ (сантехнник) аст. Маро аллакай медонанд, мизоҷон гоҳ-гоҳ даъват мекунанд, ин ҷо омада, маро меёбанд. Рӯзе мешавад, ки ягон тин кор намекунӣ. Рӯзи дигар, то 100 сомонӣ кор карда метавонӣ. Дар як моҳ то 1500 сомонӣ пул кор мекунам. Пештар хуб буд, пули кори якмоҳа то 3 ҳазор сомонӣ мерасид. Бо вуҷуди ин, ман бар ин назарам, ки аз зиндагӣ дар мулки бегона, ба даст овардани ҳамин қадар маблағ ҳам кифоя ва беҳтар аст.
Мардикор дар Тоҷикистон тадриҷан ба касб табдил меёбад. Ин ҷо дипломи маълумоти олӣ лозим нест, болои сар роҳбар фармонфармоӣ намекунад, ин ҷо ҳар кас барои худаш ҷавоб мегӯяд, лекин сарфи назар аз чунин рақобат, бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки якдигарро бо сухани хуб дастгирӣ намоянд. Ҳатто агар донанд, ки дирӯз чизе кор накардааст, кори худро ба ӯ медиҳанд. Ин бозорест, ки ба садҳо оилаҳо дар Тоҷикистон нон медиҳад ва бовар кунед, ин бошад, як нишондиҳандаи муайян аст. Танҳо нишондиҳандаи чӣ? Бекорӣ ё талабот ба қувваи корӣ?