Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги арзёбии роҳҳои мошингардро дар 137 кишвари саросари дунё ба нашр расонид.

Муаллифони рейтинги «Сифати роҳҳо» вазъи зербинои роҳҳои мошингардро дар ин ё он кишвар тибқи ҷадвали аз 1 то 7 балл арзёбӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ кадоме аз кишварҳо балли олиро соҳиб нашудааст.

Бо касби 4,1 балл дар рейтинги мазкур Тоҷикистон дар зинаи 70-ум қарор дорад.

Миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Озарбойҷон (зинаи 36-ум), Литва (37-ум) ва Эстония (38-ум) дар зинаи аз Тоҷикистон баландтари рейтинг ҷой гирифтаанд.

Гурҷистон дар мақоми 82-юм, Арманистон – 85, Латвия – 107,  Россия – 114, Қазоқистон – 115, Қирғизистон – 122, Молдова – 128, Украина – 130 қарор доранд. Дар бораи Ӯзбекистон, Туркманистон ва Беларус маълумот дода нашудааст.

Зербинои роҳҳои мошингарди АМА, Сингапур, Швейтсария, Гонконг ва Нидерланд дар рейтинг беҳтарин арзёбӣ шуда, бадтарин роҳҳо дар Мавритания, Конго, Гаити, Мадагаскар ва Гвинея ба қайд гирифта шудааст.

Роҳи мошингард дар ВМКБ
Акс аз сомонаи images.chistoprudov.ru

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷуз қаламрави ВМКБ, зербинои қариб ҳамаи роҳҳои Тоҷикистон, таъмиру навсозӣ шуданд. Роҳҳои мошингарди ВМКБ ҳанӯз замони иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.