Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба куштори духтарчаи хурдсоли тоҷик дар Серпухово ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт ирсол намуд.
«Куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод, боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид», - қайд мешавад дар маълумоти нашршудаи Вазорат.
Дар ёддошт аз мақомоти дахлдори Русия даъват мешавад, ки ҳодисаи мазкур дақиқкорона ва мӯшикофона мавриди тафтиш қарор дода шавад.
«Даъват мекунем, то тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад», - омадааст дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Россия бо мақомоти марбутаи Россия то аноҷоми тафтишот ва судури ҳукми ҷазо дар тамоси доимӣ хоҳанд буд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 23 июл дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ҷасади духтари 5-солаи як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт шуд, ки чанде қабл бедарак шуда буд.
Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар додаанд, ки ба гумони даст доштан дар куштор ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ боздошт шудааст. Тибқи маълумоти нашрия, гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар шабака навори видеои Telegram-канал Mash нашр шуд, ки дар он чӣ гуна бо сумкаи варзишӣ дар китф гузаштани гумонбаршуда ва ҳангоми бозгашт дар китфаш набудани сумка дида мешавад.
Падари духтарча Абдусалом Саидов то ҳол ба ин ҳодисаи рухдода бовар надорад. Ҳувайдо ягона духтари ин оила буд, хабар медиҳад Telegram-канал Life Shot. Ба гуфтаи Саидов, аз замоне, ки кормандони пулис ба ӯ дарёфти ҷасадро хабар додаанд, ӯ духтарашро надидааст.
Ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст: “Кӯдаки панҷсола чӣ гуноҳ дошт, ки ба ӯ чунин карданд? Ҳоло тафтиш мекунанд, намедонам чӣ мешавад. Мо ин ҷо ҳеҷ қадр надорем. Агар имконият бошад, сафорат ба мо кӯмак кунад, ки ҷасадро ба Тоҷикистон барем”.
Дар навбати худ намояндагии диплматии Тоҷикистон дар Русия оилаи духтарчаи фавтидаро ҳамаҷониба дастгирӣ намулда, барои ба ватан интиқол додани ҷасад ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия мекунад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Январская "чистка", иранские инвестиции, "дело о госперевороте" и страхи таджикских мигрантов: важные события января-2025 по версии "Aзия-Плюс"
Ярко, весело и с размахом. Как в Душанбе отметили праздник Сада
В Филадельфии на жилые дома рухнул самолет медицинской эвакуации
Сборная Таджикистана на Азиаде-2025 в Китае оказалась самой малочисленной среди стран Центральной Азии
Что делать, если инспектор ГАИ снимает номера с вашей машины?
Мигрантов в России предложили привлекать к ответственности за необучение детей русскому языку
В Кыргызстане ввели штрафы за клевету и оскорбления в интернете
По принципу паритета. МИД Таджикистана подтвердил безвизовый въезд граждан Ирана
Как женщины в электронной коммерции создают будущее Таджикистана
Эмомали Рахмон призвал земледельцев использовать «лучшие семена и плодородные саженцы»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста