«Шумо ягон вақте аз кумаки ҳуқуқии бепул истифода бурдаед» - пурсидем мо корбарони сомонаи «Asia-Plus»-ро дар гӯшаи маъмулии «Саволи ҳафта». Ҳудуди ҳазор нафар посух доданд, ки тасавврот ҳам надоранд, ки онро чӣ гуна метавон дастрас намуд. Дар ҳамин ҳол ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ, аз ҷумла кумаки ройгон дар ин масъала ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, аксарият онро дар ҷумҳурӣ дастрас карда метавонанд.

Камсаводии ҳуқуқӣ байни аксари аҳолии Тоҷикистон роиҷ буда, ба ақидаи коршиносон, сабаби асосии ба вуҷуд омадани мушкилоти ҳуқуқӣ мебошанд. Тоҷикистониён аксар вақт қонунҳо ва ҳуқуқҳои худро намедонанд ва боз аз ҳама бадтараш аксарияти шаҳрвандон мутмаинанд, ки хизматрасониҳои ҳуқуқӣ – ин барои баргузидагон буда, барои он пули калон пардохтан лозим меояд ва ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ ба таври қонунӣ дар кишвар ғайриимкон мебошад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ, мушкилоти бештар паҳншудаи ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон низоъ/мухолифатҳои оилавӣ, мушкилоти қитъаи замин, манзил, шаҳрвандӣ, аз ҷумла гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолати шаҳрвандӣ; мушкилоти ҳифз ва таъминоти иҷтимоӣ мебошанд. Яъне масъалаҳое ҳастанд, ки ҳадди ақал як маротиба ҳар як инсон давоми зиндагиаш бо онҳо дучор мешавад. Дар ҳамин ҳол, қисмати начандон назарраси шаҳрвандон зимни дучор шудан бо онҳо, медонанд ки чӣ амале бояд анҷом дод ва ба куҷо барои машварат муроҷиат намуд. 


Чаро одамон ҳуқуқҳои худро намедонанд?

Яке аз монеъаҳои дастрасӣ ба хизматгузориҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистонро коршиносон вазъи душвори иқтисодии шаҳрвандон ва баъдан дастнорас будани хизматрасониҳои ҳуқуқӣ дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар унвон мекунанд. Боз як монеъа – шумори нокофии хизматрасониҳои бепули ҳуқуқӣ, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҳатто ба шаҳрвандоне кафолат дода мешавад, ки маблағи онро пардохт карда наметавонанд.

Мебояд гуфт, қонунгузории мавҷуда, ки мундариҷаи он муқаррарот нисбати дастрасӣ ба кумаки ҳуқуқии ройгонро дар бар мегирад, на ҳамеша дар ҳама гуна ҳолатҳо пурсамар аст. Масалан, дар он меъёрҳои саҳеҳи муайян кардани шахсоне, ки кумаки бепул гирифта метавонанд, дараҷаи парвандаҳо, механизми муқаррашудаи пардохти хизматрасониҳои адвокатҳо вуҷуд надорад.

Дар ниҳояти кор хизматрасониҳо дар сатҳи бояду шояд пешниҳод намешаванд, яъне сифати онҳо ба қадри кофӣ набуда, мутаносибан сатҳи муроҷиат ба онҳо низ кам мешавад. 

Се сол пеш дар кишвари мо тасмим гирифтанд, ки ин вазъро тағйир бидиҳанд. Моҳи июли соли 2015 бо мақсади рушди низоми давлатии расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ натанҳо аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ, балки парвандаҳои шаҳрвандӣ ва маъмурӣ низ, Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи расонидани кумаки ҳуқуқии бепулро барои аҳолӣ тасдиқ намуд.

Барои амалисозии ҳадафҳои Консепсия Ҳукумат дар назди Вазорати адлия Муассисаи давлатии «Маркази кумаки ҳуқуқӣ» таъсис дод. Ин марказ ба вазорат тобеъ буда, пешниҳоди ҳисоботи ҳамасола дар бораи рафти амалисозии Консепсия ба Ҳукумат аз ҷумлаи уҳдадориҳояш мебошад. 


Консепсияро чӣ гуна таҳия намуданд?

Барои таҳияи лоиҳаи Консепсияи расонидани кумаки бепули ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи байнулмилалӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳамчунин таҷрибаи мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Масалан, барои бунёди низоми кумаки ҳуқуқӣ таҷрибаи Русия, Украина, Молдова, Латвия, Литва ва Нидерланд дар ин масъала омӯхта шуд. Дар натиҷа тасмим гирифта шуд, ки Консепсия таҳия ва модели расонидани кумаки аввалия ва дуюми бепули ҳуқуқӣ озмоиш шавад. Моҳияти озмоиш дар он ифода меёбад, ки то қабули қонун модел ё моделҳои пурсамар ва каммасраф муайян карда шавад.

Ҳадафи аслии Консепсияи қабулшуда дар он ифода меёбад, ки низоме бунёд гардад, ки шаҳрвандон зимни бо мушкилоти ҳуқуқӣ дучор шудан, барои кумак ба ҳуқуқшиносон муроҷиат карда тавонанд, ҳатто барои пардохти маблағи хизматрасонӣ имкон надошта бошанд ҳам.

Айни замон кумаки аввалияи ҳуқуқӣ – машваратдиҳӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо (ариза, шикоят, муроҷиат) ва кумаки дуюмдараҷа – намояндагии манфиатҳои онҳо аллакай дар марҳилаи тафтишот ва дар суд аз рӯи парвандаи ҷиноӣ бидуни истисно ба ҳамаи шаҳрвандон расонида мешавад. Ин кумак аз ҷониби адвокатҳои иштирокдошта дар лоиҳаҳои озмоишӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон расонида мешавад; ба шахсони камбизоат, шаҳрвандони ноболиғ, шахсоне, ки забони истеҳсолоти судиро намедонанд, шахсони имконияташон маҳдуд, иштирокчиёни ҶБВ, ҷабрдидаҳо аз садамаи Чернобил ва гурезагон. 

Консепсия тавассути озмоиши моделҳои гуногуни расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ амалӣ мешавад. Кумаки аввалияи ройгони ҳуқуқӣ ба воситаи 4 модел тариқи дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ ва машваратҳои сайёри ҳуқуқшиносон ба ноҳияҳои дурдаст амалӣ мегардад. Ё модели расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби ҷуфти ҳуқуқшиносон. Ҳамчунин модели омехта вуҷуд дорад: таъсиси дафтарҳои кории давлатӣ дар маркази маъмурӣ ва ҷамоати сераҳолӣ бо ҷалби ҷуфти ҳуқуқшиносон. Ва модели охирин – баргузор намудани тендер ва ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои адвокатҳо барои расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ.

Модели дуюми кумаки ройгони ҳуқуқӣ аз рӯи парвандахои ҷиноятӣ тариқи ду модел озмоиш мешавад. Модели аввал аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази кумаки ҳуқуқӣ»-и назди Вазорати адлия ва модели дуюм аз тарафи Иттифоқи адвокатҳо амалӣ ва идора мешавад.   

Кӣ консепсияро маблағгузорӣ мекунад?

Мувофиқи қарордод ва уҳдадориҳои қабулшуда, дар давраи озмоишӣ (он 3 сол – то соли 2019 идома меёбад) Консепсия 90 фоиз аз ҷониби ташкилотҳои мададрасон ва 10 фоиз аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешавад. Вале аллакай дар давраи гузариш (5 сол – то соли 2024) давлат дар шакли маблағгузории мустақим ба андозаи 20% ҳар сол ҳиссаи худро зиёд мекунад. Ва дар анҷоми он 100% маблағгузорӣ ба хароҷот оид ба кори низоми кумаки ройгони ҳуқуқӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ сурат мегирад.

Дастгирии ниҳодӣ аз ҷониби Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва ВКХ Финландия дар ҳамдастӣ бо Хелветас Свисс Интеркооперейшн амалӣ мегардад.

Бо воситахое, ки аз ҷониби БРСММ ҷудо мешаванд, музди меҳнати кормандони иштирокдошта дар амалисозии Консепсия пардохта шуда, техникаи тадорукотӣ, асбобу лавозимоти  канселярӣ харидорӣ мешавад, маводи методӣ нашр мешавад, маблағи омӯзиши кормандон пардохта мешавад.

Саҳми давлат – пешниҳоди бино барои кори дафтарҳои кории давлатии ҳуқуқӣ, пардохти маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, таъминот бо заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва навсозии ҳармоҳаи он мебошад. 


Чӣ корҳо анҷом дода шуданд?

Аз замони оғози амали созии Консепсия дар Тоҷикистон 24 дафтари кории ҳуқуқӣ дар 18 шаҳру навоҳӣ таъсис дода шуда, наздики 30 нафар ҳуқуқшиносон кумаки аввалияи ройгони ҳуқуқӣ мерасонанд.

Кумаки дуюми ройгони ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, ки аз ҷониби адвокатҳо расонида мешавад, дар вилоятҳои Хатлону Суғд бо мусоидати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавиди озмоиш қарор дорад.

Бо оғози амалисозии Консепсия дар Тоҷикистон бори нахуст методҳое чун расонидани кумаки аввалия ва дуюми ройгони ҳуқуқӣ истифода шуданд; дар ноҳияҳои дурдаст ҳуқуқшиносон машғулиятҳои сайёри иттилоотӣ-ҳуқуқӣ ва машваратҳо мегузаронанд, ҷуфтҳои ҳуқуқшиносон барои пешниҳоди маълумоти ҳуқуқӣ интихоб ва омӯзонида шуданд.

Албатта, мушкилоте низ ҷой доранд, ки ба муҳлатҳои амалисозии Консепсия таъсир мерасонанд. Дар навбати аввал ин интихоби кадрҳо дар маҳалҳо мебошад. Сарфи назар аз ҳамасола мактабҳои олии ҳуқуқшиносиро хатм кардани шумори зиёди мутахассисон, онҳо аз рӯи касб ба кор намераванд, бахусус агар кор дар ноҳияҳои дурдаст бошад.

Чӣ мебояд кард?

Сарфи назар аз саводнокии ҳуқуқии сатҳи паст ва мавҷуд набудани фарҳанги муроҷиат ба кумаки ҳуқуқӣ, дастрасии баробари ҳамаи шаҳрвандон ба адолати судӣ дар Конститутсияи ҷумҳурӣ дарҷ ёфтааст.

Дар Консепсия таъсиси дафтарҳои кории доимо амалкунандаи давлатии ҳуқуқӣ оид ба расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ дар  ноҳияҳои дурдаст ва марказии ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, ки дар онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор фаро гирифта мешаванд.

Ба туфайли ин шаҳрвандон сатҳи огаҳии ҳуқуқии худро баланд бардошта, ҳамин тариқ, мушкилоти ҳуқуқии худро ҳал мекунанд. Таҳлил ва натиҷагирӣ аз мушкилоти шаҳрвандон, ки ба низоми давлатии кумаки ройгони ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд, дар навбати худ ба беҳбуди дастрасии аҳолӣ ба адолати судӣ ва пешниҳоди ташаббус оид ба такмили қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқии амалисозии он имкон фароҳам меоварад. 

Натиҷаи марҳилавии амалисозии Консепсия таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ», ҳамчунин мутобиқати он ба дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти низоми расонидани кумаки бепули ҳуқуқӣ мебошад. Низоми пурсамари расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ ба камбизоатон ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳбуди некӯаҳволии аҳолӣ ба воситаи ҳалли мушкилоти ҳуқуқии онҳо, ки аксаран сабабҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ доранд, мусоидат менамояд.

Рушди низоми давлатии расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ барои шахсони ниёзманд боз як саҳм дар амалисозии Барномаи Миёнамуҳлати Рушд то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 дар ҳошияи Ҳадафҳои глобалии рушди устувор (ҲРУ), аз ҷумла ҲУР 16 мебошад, ки аз ҷониби ҳамаи давлатҳои узви СММ пазируфта шудааст.