Дар робита ба баргузории корҳои таъмири нақшавӣ ба баъзе кӯчаҳои Душанбе имрӯз интиқоли барқ қатъ мегардад.

“Аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба маҳаллаи «Ховарон» (Теппаҳои шарқӣ)-и шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Маяковский ва Ғафурови пойтахт қатъ мегардад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҶСК “Шабакаҳои барқии Душанбе.

Бино ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ дар баъзе ҳолатҳо интиқоли барқ метавонад то вақти зикршуда барқарор шавад.

Қобили зикр аст, ки то оғози мавсими гармидиҳӣ дар тамоми зеристгоҳҳои барқии пойтахт бонавбат корҳои таъмиру навсозӣ гузаронида мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.