Боғи «Кӯли ҷавонон»-и пойтахт, ки рӯзи 28 август мавриди истифода қарор гирифт, аз ҳисоби маблағҳои шахсии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода таъмиру навсозӣ шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз номбар кардани маблағи дақиқи хароҷотшуда барои корҳои таъмиру навсозӣ худдорӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 18 ҳазор метри муррабаъ майсазор гардонида шудааст. Барои чароғонкунии боғ бошад  267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб карда шудаанд.

Барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонидаанд. Се навъи гулҳои мавсимӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 400 ҳазор бех муҳити боғ ро зебою назаррабо гардонидаанд. Дар боғ таваққуфгоҳ барои 70 автомашина ва бинои нави маъмурӣ низ сохта шудааст.

Чанде қабл сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода тасмим гирифт аз ҳисоби худ ва аъзои оилааш 5 километр роҳҳои мошингарди ҳудуди зодгоҳи худ - ҷамоати деҳоти Хистеварзро таъмир намоянд.

Ӯ шахсан дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ дар чанде аз кӯчаҳои ин ҷамоат иштирок кард. Ғайр аз ин, аз ҳисоби воситаҳои шахсии сарвазир яке аз кӯчаҳои ҷамоати Хистеварз ба таври замонавӣ чароғон мегардад.

Маълум нест, ки ин саховатмандии сарвазир ба чӣ вобаста аст, лекин қайд мекунем, ки ин аввалин ҳодисаест дар Тоҷикистон, ки мансабдори давлатӣ ва он ҳам хеле баландпоя даст ба кори хайру эҳсон мезанад. Ташаббуси хуб аст. Шояд барои дигар мансабдорон ин намунаи ибрат гардад.

Биёед шахсонеро ба хотир меорем, ки ба корҳои хайру эҳсон машғуланд.

Дар деҳаи кӯҳистони Каронии шаҳри Турсунзода сокини маҳаллӣ Каромат-ҳоҷӣ Шарипов бо харҷи беш аз 25 ҳазор доллар воситаҳои шахсиаш аз болои дарёчаи Манзоб пул сохт, ки мушкили роҳи сокинони маҳаллиро сабук кард.

Соли 2015 Норбибӣ Дӯстмуродоваи 80-сола аз вилояти Суғд пулҳои барои адои маросими ҳаҷ ҷамъкардаашро дар ҳаҷми 105 ҳазор сомонӣ (наздики 17 ҳазор доллар) ба сохтмони ду пул дар зодгоҳаш деҳаи Метки ноҳияи Деваштич сарф кард.

Чунин мисолҳо зиёданд, лекин рафтори сокини ноҳияи Мастчоҳ Сафия Ҳасанова қобили зикр аст, ки 1,5 млн. сомонӣ (159 ҳазор доллар)-ро ба ниёзмандон бахшид. Ҳамчунин метавон аз корҳои хайру эҳсони табиби халқӣ Турсуной Зокирова ёдоварӣ намуд, ки ҳамеша ба эҳтиёҷмандон дасти кумак дароз мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.