Дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе аз Олимпиадаи бузургшаҳрҳо (мегаполисҳо) аз фанҳои математика, кимиё ва информатика бо ҷоизаи сеюм дар ҳисоби даставӣ, ду медали нуқра ва чор медали бириниҷӣ дар ҳисоби шахсӣ баргашта, аз дигар дастаҳои шаҳрҳои Осиёи Марказӣ: Алмаато, Остона ва Бишкек ба таври назаррас пешсаф шуд.
Олимпиада рӯзҳои 2-9 сентябр дар шаҳри Маскав бо ташаббуси раиси ин шаҳр Сергей Собянин доир гардида, дар он намояндагони 33 пойтахт ва шаҳрҳои дорои аҳолии чандинмиллионнафара аз саросари дунё ширкат варзиданд.
Аз дастаи Тоҷикистон аз фанни математика хонандагони Литсейи тоҷикиву русии “Ҳотам ва ПВ” Наимҷон Хонҷонов ва Шоҳрухи Муҳаммадҷон, аз физика – Пиров Далер ва Фараҳманд Ҳасанов, аз кимиё – Акмал Исматуллоев ва Нодир Аминзода ва аз информатика – Рахшон Амонов ва Анӯшервон Бозоров иштирок карданд.
Наимҷон Хонҷонов ва Далер Пиров, ки ҳарду ҳам гирандагони стипендияи раиси шаҳри Душанбе мебошанд, ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардиданд.
Шоҳрухи Муҳаммадҷон, Фараҳманд Ҳасанов, Рахшон Амонов ва Анӯшервон Бозоров медалҳои биринҷии олимпиадаро ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи байни фанҳо дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ ба ҷоизаи сеюм соҳиб шуд. Толибилмони тоҷик аз намояндагони шаҳрҳои дорои аҳолии чандинмиллионнафара ва пойтахти давлатҳое чун Берлин, Бостон, Дюсселдорф, Инсбрук, Байтулмуқаддас, Инсбрук, Милан, Тел-Авив, Хелсинки, Мадрид, Франкфур, Уланатр ва дигар шаҳрҳо пеш гузаштанд.
Иштироки дастаи мунтахаби шаҳри Душанберо дар ин олимпиада метавон муваффақона унвон кард, зеро аз рӯи синнусол ин даста аз дигар дастаҳо ҷваонтарин буд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Литсейи тоҷикиву русии “Ҳотам ва ПВ”.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.