Сабаби қатъи дастрасӣ нофаҳмо боқӣ мемонад: Хадамоти алоқа аз шарҳ худдорӣ меварзад.
Шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон беш аз як моҳ дастнорас буд. Акнун он бидуни прокси ва VPN боз дастрас аст.
Сабаби қатъи дастрасӣ нофаҳмо боқӣ мемонад. Дастрасӣ ба шабака аввали моҳи август баъди чанд рӯзи амали террористӣ дар Данғара маҳдуд шуд. Ҳамчунин дастрасӣ ба бисёре аз анонимайзерҳо низ қатъ шуд, ки тариқи он ворид шудан ба сомонаҳои басташуда имкон дошт.
Дар ҳамин ҳол, дастрасӣ ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus то ҳол ғайриимкон аст.
Ҳафтаи гузашта “Азия-Плюс” ба Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин ба ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) бо дархости шарҳи сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона муроҷиат намуд. Айни замон танҳо аз ширкатҳои “Вавилон” ва “Билайн” посух расид, ки онҳо ба ин кор даст надоранд. Хадамоти алоқа алҳол ба мо посух нагуфтааст.
Айни замон ба ҷуз сомонаи гурӯҳи расонаҳои Asia-Plus – news.tj ва видеохостинги YouTube, дастрасӣ ба дигар порталҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои интернет имконпазир мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҳодисаҳои қатъи дастрасӣ ба сомонаҳо дар Тоҷикистон аллакай чандин сол идома дорад, лекин ба назар мерасад, ки ахиран ин падида ба доимӣ табдил ёфта истодааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.