Аз 15 октябр дар Душанбе нархҳо ба об ва хизматрасонии обу корез барои аҳолӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ боло бурда мешаванд. Агар сарфа карданӣ бошед, ҳисобкунакҳои обӣ гузоред.
Аз 15 октябр нархи 1 метри мукааби об барои аҳолӣ бо назардошти нишондиҳанда (коэффисиенти 3 (яъне афзоиш ба андозаи се баробар) 2,34 сомонӣ нарх хоҳад дошт.
Сокиноне, ки дар хонаҳояшон ҳисобкунак насб шудааст, барои як метри мукааб обу корез 2,34 сомонӣ ва онҳое, ки ҳисобкунак надоранд, ҳар моҳ ба сари ҳар як аъзои оила 8,42 сомонӣ пардохт мекунанд.
Нишондиҳанда (коэффисиенти 3) барои дастгирии КВД “ Обу корези Душанбе” ва танзими нархҳо ҷорӣ шуда, бо назардошти нишондиҳанда, барои 1 метри мукааби об ва хизматрасониҳои обу корез сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ – 6 сомониву 73 дирам пардохт мекунанд.
Барои ташкилотҳои буҷетӣ аз моҳи январи соли 2019 нархи 1 метри мукааби об 2 сомониву 66 дирам муқаррар мешавад. Ташкилотҳои буҷетӣ барои обу хизматрасонии обу корез бидуни назардошти коэффисиент пул пардохт мекунанд. Нархҳо бо Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.
Муовини директори КВД “Обу корези Душанбе” оид ба иқтисод Неъматулло Абдуллоев мегӯяд, беҳбуди сатҳу сифати обтаъминкуниву софкории он, ивази қубурҳои фарсудашуда, афзоиши нархи таҷҳизоту ашёи хом, таъмини шаффофияти фаъолият, афзоиши шумори истифодабарандагон ва ба сурати умум рӯйпӯш карда тавонистани хароҷоти корхонаву аз зиёноварӣ раҳо кардани он сабабҳои болоравии нархи обу истифода аз обу корез мебошанд.
Дар қарор “Дар бораи тарифҳои хизматрасониҳои таъминоти оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳо”-и мақомоти шаҳрдории Душанбе ба КВД “Обу корези Душанбе” дастур дода шудааст, ки насби ҳисобкунакҳои обиро то охири соли 2018 - ба 55 фоиз, то аввали моҳи майи соли 2019 - то 70 фоиз ва то моҳи ноябри соли 2019 - ба беш аз 85 фоиз таъмин намуда, ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолиро аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ, ки сарфи воқеии оби истеъмолшуда ва қабули рафъи партовоб аз тарафи муштариёнро нишон медиҳад, ба роҳ монад. Ҳисобкунакҳои обӣ барои аҳолӣ бепул гузошта мешаванд.
Ба санаи 31 август дар пойтахт ҳамагӣ 98 366 ҳисобкунакҳои обӣ гузошта шудааст, ки ба аҳолӣ - 88 331 ҳисобкунак, ба ташкилотҳои тиҷоратӣ – 8 699 ва ба ташкилотҳои буҷетӣ – 1 366 ҳисобкунак рост омада, дар ҳисоби фоиз тақрибан 38%-ро ташкил медиҳад.
Агар то ҳол намефаҳмида бошед, ки барои об чӣ қадар маблағ пардохт мекунед, пас мо ба Шумо шиносоӣ бо ҷадвали зерро пешниҳод мекунем.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.