Аз 3-юм то 11-уми сентябри соли 2018 дар Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими бомуваффақ анҷом ёфтан ва супоридани се лоиҳаи мунтазам дар доираи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба маблағи умумии 270,464 ИМА ҳамчун грант, баргузор гардид.

Аввали моҳи сентябр Томоҳиро НАКАГАКИ муовини сафири Ҷопон дар маросими ба анҷом расидани «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба маркази саломатии шаҳрии № 9 шаҳри Душанбе», иштирок кард.

Маркази саломатии шаҳрии № 9 грантро бо маблағи умумии 90,400 доллари ИМА бо мақсади ташхис намудани касалиҳои нафас аз ҷумла бемории сил ба анҷом расонид. Бо анҷоми ин лоиҳа маркази саломатии шаҳрии № 9 бо таҷҳизоти тиббӣ ба хусус апарати флюрографӣ таъмин гардид.

Маросими анҷомёбии «Лоиҳаи барқарорсозии бинои муассисаи таҳсилоти умумии №94 дар деҳаи “Ҷангалобод”-и ҷамоати “Гулистон”-и шаҳри Ваҳдат» рузи 7-уми сентябр бо ҳузури Ҳаҷиме КИТАОКА дар якҷоягӣ бо раиси шаҳри Ваҳдат оғои Раҳмоналӣ АМИРЗОДА баргузор гардид.

Бо мақсади дастгирӣ ва фароҳам овардани муҳити омӯзишӣ барои мактаббачагони деҳаи “Ҷангалобод”-и ҷамоати “Гулистон”-и шаҳри Ваҳдат ба Ҳукумати шаҳри Ваҳдат аз тарафи Ҳукумати Ҷопон маблағи умумии 90,118 доллари ИМА ҳамчун грант барои таъмири пурраи бино ҷудо гардида буд.

Рузи 27-уми сентябри хонум Эрико НИШИМУРА мушовири Сафорати Ҷопон ба ноҳияи Лахш сафар намуда, дар маросими анҷоми «Лоиҳаи сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии №31 дар деҳаи “Қарошура”-и, ҷамоати “Мукус”-и ноҳияи Лахш» иштирок кард. Бо мақсади дастгирӣ ва фароҳам овардани муҳити омӯзишӣ барои мактаббачагони деҳа, грант ба маблағи 89,946 доллари ИМА ба ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Лахш барои сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ ҷудо гардида буд.

Зимни баромади хеш дар маросимҳо, оғои КИТАОКА ва оғои НАКАГАКИ қайд намуданд, ки лоиҳаҳои Барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳаллии Тоҷикистон назаррасанд ва равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопонро боз ҳам вусъат мебахшанд.

Сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳо ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ ва беҳтар гардондани соҳаи маориф, хизматрасонии тиббӣ ва кишоварзӣ дар ноҳияҳои гуногуни кишвар бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур изҳори миннатдории самимӣ баён намуданд.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёди ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.

Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 389 лоиҳаро ба маблағи умумии $31.5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.