Шурӯъ аз 3-октябри соли равон дар хатсайри автобуси №22-и шаҳри Душанбе (маҳаллаи Испечак - кӯчаи Гагарин) хизматрасонӣ пурра тариқи кортҳои наклиётӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад.

Аз ин рӯ, мақомоти шаҳрдорӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки кортҳои нақлиётиро аз терминалҳои назди истгоҳҳо ва  мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас намоянд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан чунин тарзи пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ – тариқи кортҳои нақлиётӣ дар автобусҳои №3, 8а ва троллейбусҳои №1 ва 10 роҳандозӣ гардида буд.

Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» (Cityсard) аз ҷониби ширкати Avesto Group ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бар асоси механизми шарикии давлатӣ-хусусӣ амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳа 1 марти соли 2018 оғоз гардид. Аз 1 апрели соли 2018 сокинон ва меҳмонони пойтахт кортҳои нақлиётиро харидорӣ ва пурра истифода мекунанд.

Айни замон мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, ба мусофироне, ки корти нақлиётиро барои 50 ва зиёда аз он равуо кардан харидаанд, барои равуо дар автобусу троллейбусҳо 15% тахфиф дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.