Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба операторони мобилӣ пешниҳод намудааст, ки мавқеи худро доир ба нархи ниҳоии симкортҳо муайян кунанд.
Чор ширкати мобилӣ («Билайн», «Мегафон», «Вавилон», «Tcell»), ҳамчунин Ассотсиатсияи операторони мобилӣ аз хадамоти зиддиниҳисорӣ мактуб гирифта, дар он пешниҳод мешавад, ки аввали ҳамин ҳафта мавқеъ ва назари худро бобати муқаррар кардани нархи ниҳоии симкортҳо пешниҳод намоянд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Асссосиатсия Ғафур Эркаев.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар навбати худ Хадамоти зиддинҳисорӣ дар ин хусус аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар дастур гирифтааст.
Эркаев қайд кард, ки пас аз дастрас шудани мактуб ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ ва ширкатҳои мобилӣ амалҳои худро дар ин самт баррасӣ намуданд.
«Мо чунин мешуморем, ки пешниҳоди кадом як ҷавобе доир ба ин масъалаи муҳим дар чунин фурсати кӯтоҳ воқеӣ нест. Мо бояд таҳлилҳои муайяни бозорро анҷом дода, танҳо баъди он як посухи мушаххас дода метавонем”, - иброз дошт ӯ.
Роҳбари Ассотсиатсия таъкид дошт, ки ба Хадамоти зиддинҳисорӣ мактуб фиристода, дархост намудааст, ки муҳлати ҷавоб ҳадди ақал то 1 ноябр мавқуф гузошта шавад, лекин то ҳол ба мактубаш посух нагирифтааст.
Эркаев бар ин назар аст, ки бо назардошти сатҳи зиндагӣ ва музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, нархи симкортҳо набояд аз 10 доллар зиёдтар бошад.
«Чунин мешуморам, ки зимни муқаррар кардани ин ё он тарифҳо, мо бояд воқеияти имрӯзаи зиндагиамонро ба инобат гирем”, - илова кард номбурда.
Ёдрас мекунем, ки тобистони соли ҷорӣ баъди ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, ВКД пешниҳод намуд, ки нархи симкортҳо 1 ҳазор сомонӣ муқаррар шавад, лекин ба ширкатҳои мобилӣ муяссар шуд, ки нархро то 250 сомонӣ поин фароранд.
Мувофиқи тарифи тасдиқшуда, 250 сомонӣ нархи симкорт тариқи зайл муқаррар шудааст: 215 сомонӣ нархи пайвастшавӣ буда, 35 сомонӣ ба тавозуни муштарӣ дохил мешавад.
Операторони мобилӣ қайд карда буданд, ки тамоми маблағ ба суратҳисоби ширкатҳо гузаронида шуда, сипас аз онҳо андоз ситонида мешавад ва даромад аз ин ҳисоб бояд ҳатман ба таҳкими тадбирҳои амният дар ширкатҳо сарф шавад.
Пешниҳод шуда буд, ки аз 1 сентябри ҳамин сол фурӯши симкортҳо бо нархи 250 сомонӣ оғоз мегардад. Аммо охири моҳи август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи ҳукумат дастур дод, ки чунин нархгузорӣ ба симкортҳо то 1 январи соли оянда мавқуф гузошта шавад.
Сарвари давлат ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент дастур дод, ки масъалаҳои арзиши симкортҳо, истифодаи як симкорт аз ҷониби як нафар ва манъи фурӯши кортҳо ба кӯдакони синни то 14-сола мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон симкортҳо барои кӯдакони ноболиғро волидон метавонанд ба номи худ ё бо шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ба расмият дароранд. Шояд варианти охир бекор карда шавад.
Айни замон нархи васлшавӣ, яъне симкорт бепул буда, танҳо барои тарифи ҳадди ақал мебояд маблағ пардохт намуд, ки 20 сомониро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти ширкатҳои мобилӣ, арзиши аслии як симкорт, ки ба Тоҷикистон аз дигар кишварҳо ворид карда мешавад, ба 1,80 дирам баробар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
На трассе Хорог-Шугнан-Ишкашим машина упала в реку, водителя ищут
Кэш Патель выдвинут Трампом на пост директора ФБР. Что о нем известно?
Таджикистан может стать лидером в производстве сурьмы
Трамп пригрозил странам БРИКС пошлинами в 100%, если они откажутся от доллара
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста