Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз тағйироту иловаҳои пешниҳодшудаи ҳукумат ба Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд.
Дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки минбаъд иншооти худсарона ва бидуни мувофиқа бо ҳукумат сохташуда аз ҳисоби худи сохтмончӣ ё молики бино, на аз ҳисоби давлат, ки то кунун ҳамин тавр буд, кӯчонида мешавад.
Ҳамчунин мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, минбаъд нақшаҳои генералии шаҳракҳоро на ҳукумат чун қаблан, балки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ мекунанд.
Ташвиши вакилон аз кӯчонидани хонаҳо
Дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси Ҳиҳби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода изҳор намуд, ки кӯчонидани биноҳо дар пойтахт дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат мегирад.
“Аммо касе таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ки дар ҳамин ҳол, барои сокинони ин биноҳо мушкил эҷод мешавад, зеро аксри онҳо бо маблағҳои ба онҳо пешниҳодшуда ба ивази хонаашон розӣ нестанд. Ҳамчунин аз он дар ташвишанд, ки баъди кӯчонидани хонаҳои онҳо, бинои сохтмонашон тӯлмекашида дар шаҳр меафзояд”, - қайд кард вакил.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат Ҷамшед Маҳмадзода дар посух ба ин гуфтаҳо зикр кард, ки Кумита ҳамроҳ бо мақомоти шаҳрдории Душанбе талош доранд, ки то охири сол ба мушкилоти биноҳои сохтмонашон тӯлкашида дар пойтахт хотима бахшанд.
Ӯ таъкид дошт, ки барои муайян кардани нархи як метри мураббаъи манзил дар биноҳое, ки кӯчониданашон пешбинӣ шудааст, гирифтани таъиноти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.