Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе аз озмуни “Тарабхонаи шаҳр ва қаҳвахона бо пешайвон” натиҷагирӣ намуд.
- Мувофиқи шартҳи озмун, ғолибон имкон доштанд, ки лоиҳаи худро дар пойтахти Тоҷикистон амалӣ созанд, - омадааст дар саҳифаи Сарраёсати мазкур дар Facebook.
Ба озмун беш аз 50 лоиҳа пешниҳод шуда, Шӯрои шаҳрсозии назди Сарраёсати меъмории Душанбе 3 ғолибро интихоб кард.
Зинаи аввалро лоиҳаи тарабхонаи бразилиягии "Latino" ишғол намуд, ки аз ҷониби фирмаи Cool design таҳия шудааст. Лоиҳа тарзу усули модерн ва бионикаро дар бар гирифта, барои 150 нафар ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи тарабхонаи туркии "OZYURT", ки аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” таҳия шудааст, мақоми дуюмро касб кардааст. Лоиҳа бо тарзу услуби муосир таҳия шуда, барои қабули 120 нафар пешбинӣ мегардад.
Ҷойи сеюм ба лоиҳаи тарабхонаи миллӣ барои чорабиниҳои тантанавӣ дода шудааст, ки аз ҷониби КВД Пажуҳишгоҳи истеҳсолии “Душанбешаҳрсоз” таҳия гардидааст. Тарзу услуби нигориши лоиҳа аз унсурҳои миллӣ ва шарқӣ иборат буда, 160 ҷойи нишаст дорад.
Лоиҳаҳои ғолибони озмун минбаъд бар асоси қарори раиси пойтахт дар шаҳри Душанбе амалӣ мешаванд. Ҳамчунин ғолибон бо дипломҳои Шӯрои шаҳрсозии пойтахт қадрдонӣ мешаванд.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.
ТОП-10 самых просматриваемых видео «Азия-Плюс» за 2024 год
А будет ли оливье, елки и снег? Медиа Kit рассказывает, как мы будем отмечать Новый год в 2050-м
ООН: 115 тысяч сирийских беженцев вернулись на родину после падения режима Асада
Какие фильмы выйдут в прокат в 2025 году?
Боксер-профи из Таджикистана проведет первый бой в новом дивизионе
Как легендарный завод холодильников «Памир» остался в прошлом
Пять ошибок при покупке подержанного авто и как их избежать
Эмомали Рахмон сменил послов в Турции и ЮАР
Президент Ирана нанесет рабочий визит в Таджикистан
Какие решения властей изменили жизнь таджикистанцев в 2024 году?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста