Дар Русия ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” ворид намудани ду тағйиротро пешниҳод доранд: ҷорӣ кардани ҷваобгарии ҷиноӣ барои никоҳи қалбакӣ ва қатъи дастрасӣ ба фаъолияти онлайн-сервисҳо, ки дар онҳо метавон шавҳар ё зани қалбакӣ дарёфт намуд, хабар медиҳад ФедералПресс.

Вақте ки натиҷаҳои ташхиси ҷамъиятии тағйирот ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” маълум шуданд, Палатаи ҷамъиятӣ тасмим гирифт, ки ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ дар ин самт ҷорӣ шавад.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ иқомат берун аз ҳудуди макони зисти ҳамсарро (зан ё шавҳар), ки дар он ба қайд гирифта шудааст, манъ мекунанд. Лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур бояд аз қироати дуюм гузарад.

Аз як ҷой ба ҷойи дигаре рафтани чунин хориҷиён бо ёрии иҷозаи махсуси муваққатӣ назорат карда мешавад. Дар зерварақаи шарҳ қайд мешавад, ки ин тадбирҳо бояд ҳодисаҳои бастани ақди никоҳҳои қалбакиро аз беху бун решакан кунанд. Палатаи ҷамъиятӣ бар ин назар аст, ки роҳандозии тадбирҳои маҷмӯавӣ зарур аст.

“Барои бастани ақди никоҳи қалбакӣ масъулияти ҷиноӣ ва маъмурӣ ҷорӣ намуда, ҳамчунин дастрасӣ ба сарчашмаҳои интернетии пешниҳоди бастани ақди никоҳи қалбакиро дар шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ қатъ кардан лозим аст”, - пешниҳод мекунанд муаллифони тағйироту иловаҳо.

Бино ба маълумоти Коммерсантъ, 50%-и аллакай мардони тоҷики оиладор ақди никоҳи қалбакӣ мебанданд. Никоҳҳои қалбакӣ ба гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ барои кору зиндагӣ дар Маскав имкони бештар медиҳанд. Барои бастани ақди никоҳи қалбакӣ ё воқеӣ бо зани русиягӣ, муҳоҷирон дар ватан бо ҳамсарони худ гапзанон мекунанд, ки ба талоқ розигӣ диҳаанд ва ваъда медиҳанд, ки баъди чанде онҳоро назди худ меоранд.

Тибқи маълумоти Газета.ру, моҳи марти соли гузашта ВКД эътироф намуд, ки никоҳҳои қалбакӣ дар Русия торафт зиёд – тақрибан 20% аз шумори умумӣ дар САҲШ қайдшуда мешаванд. Навхонадоронро ипотекаи имтиёзнок, навбатпоии камтар ба гирифтани манзил ва дигар фоидаҳо ҷалб мекунанд.

Соли 2016 мақомоти тафтишот муайян карданд, ки ду корманди САҲШ (ЗАГС) 40 ақди никоҳи қалбакии русиягиҳоро бо шаҳрвандони Озарбойҷону Тоҷикистон ба қайд гирифтаанд. Занон шахсан шартномаҳои ақди никоҳро таҳия намуда, аз номи ҳамсарон имзо мегузоштаанд.

Ҳамон сол собиқ занони корманди САҲШ ва хадамоти муҳоҷирати вилояти Волгоград ба ҳамин тарз ба бастани 15 ақди никоҳи чиниҳо ва ветнамиҳо кумак карда, барои ин хизматашон аз ҳар кадоме 170 ҳазор рубл пул талаб кардаанд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.