Роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёт боз шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS. Аз нимаи рӯзи 20 январ ҳаракати нақлиёт дар ин роҳи аз лиҳози стратегӣ муҳим муваққатан манъ шуда буд.

Бино ба иттилои манбаъ, роҳ аз тарма тоза шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор карда шуд.

“Кормандони ширкат роҳро аз километри 62 то 73-юм, ки дар ин қитъа беш аз 30 тарма фаромада буд, тоза карданд. Айни замон ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ барқарор шуд”, - иброз доштанд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи дастури якҷояи ВКД ва Вазорати нақлиёт, ҳаракати нақлиёти боркаши ядакдор (притсепдор) ва фураҳо дар шоҳроҳ муваққатан маҳдуд шудааст, то ки ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеъа эҷод нашуда, танбашавии мошинҳо дар роҳ ба вуҷуд наояд.

“Барфрезӣ дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ идома дошта, рух додани ҳодисаҳои нави тармафароӣ аз эҳтимол дур нест. Дар қитъаҳои гуногуни роҳ техникаи махсус машғули кор аст”, - қайд кард манбаъ.

Хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз оғози моҳ то имрӯз 110 ҳолати лағзиши тарма  ба қайд гирифта шуда, дар ин робита ҳаракати мошинҳо дар роҳҳои кишвар ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.