Дар ин хусус созишҳои дахлдор ҳосил шуда, таҷҳизоти зарурӣ харида шуд, хабар дод имрӯз, 28 январ зимни нишасти хабарӣ муовини роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев.

“Соли гузашта ҳаҷми хати гузариш (пропускной канал)-ро аз 10 то ба 20 Гигабит зиёд кардем. Аллакай моҳи март он то 50 Гигабит меафзояд. Ҳамчунин дар ҳамин моҳ поинравии нархи интернет дар назар аст”, - қайд кард Атоев.

Бино ба гуфтаи номбурда, нархгузорӣ ба интернет аз арзиши транзити он вобаста аст. “Масалан, дар Ӯзбекистон низ нархи интернет мисли мо аст. Интернети ба Тоҷикистон аз Русия меояд ва то расидан ба мо Қазоқистону Қирғизистон нархи худро зам мекунанд. Аз ин рӯ, арзиши он баланд аст”, - илова намуд Атоев.

Аммо бо ишора ба сирри тиҷоратӣ дар бораи бо кадом нарх харидани интернет ва бо чӣ арзиш фурӯхтани он ба ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои фароҳамсози интернет ӯ саҳеҳ маълумот надод.

Тибқи маълумоти сервиси интернетии ирландии Speedtest.net, аз лиҳози суръати интернет Тоҷикистон зинаи охир, 123-юмро ишғол мекунад. Аввали соли гузашта суръати интернети мобилӣ 5,72 Мбит/сонияро ташкил дода, моҳи ноябр то ба 4,8 Мбит/сония поин рафт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.