Аз 1 феврал пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобусҳои мусофирбари хатсайри №1 (кӯчаи Гагарин – маҳаллаи Чимтеппа), №7 (Терминали «Шарқ-транс» - маҳаллаи Дилшод), №43 (Терминали «Шарқ-транс»- Маркази ташхиси техникӣ)дар шаҳри Душанбе пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад.

Қобили зикр аст, ки қаблан пардохти ҳаққи роҳкиро танҳо бо корти нақлиётӣ дар пойтахт дар автобусҳои хатсайри №3, №8 ва №22, ҳамчунин троллейбусҳои №1 ва №10 ҷорӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо, нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва ронандагони автобусҳо дастрас намоянд.

Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» (Cityсard) аз ҷониби ширкати Avesto Group ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бар асоси механизми шарикии давлатӣ-хусусӣ амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳа 1 марти соли 2018 оғоз гардид. Аз 1 апрели соли 2018 сокинон ва меҳмонони пойтахт кортҳои нақлиётиро харидорӣ ва пурра истифода мекунанд.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, ба мусофироне, ки корти нақлиётиро барои 50 ва зиёда аз он равуо кардан харидаанд, барои равуо дар автобусу троллейбусҳо 15% тахфиф дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.