Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ имрӯз, 1 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки таҷлили “Занги охир” ё “Занги камолот”, “Иди алифбо” ва Соли нав дар мактабҳо эҳё намешаванд.
Ӯ зикр намуд, ки вазорат мухолифи ҳамаи ҷашнҳоест, ки замина барои фасод, туҳфаҳо ва сарфи зиёдатӣ мешавад.
“Мо муқобили “Иди алифбо”, муқобили кандани арча ва дар мактабҳо гузоштани он ҳастем. Шумо медонед, ки барои таҷлили Соли нав чӣ миқдор арчаро кандаанд? Дар шаҳр арчаи сунъӣ харидан мумкин аст, аммо дар деҳаҳо арчаро мебуранд. Мактаб ҷойи маъракаҳои бодабдаба ва нишастҳои беҳуда нест”,-гуфт ӯ.
Ба андешаи ӯ, талабагон танҳо бояд хонанд, барои дилхушӣ тарабхона ҳаст.
“Мактаб макони илмомӯзӣ, таҳсил ва тарбия аст. Мактаб ҷойи туҳфаҳову дилхушӣ нест. Барои ин тарабхона ва муассисаҳои дигар ҳаст”,-иброз дошт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки соли 2015 вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муддати таҷлили “Занги охир”-ро 45 дақиқа – аз соати 8:00 то 8:45 муқаррар намуд. Он замон баргузор кардани ҳама гуна маъракаҳои ботантана, аз ҷумла баргузории чорабинӣ дар тарабхонаҳо, ҷамъоварии маблағ барои туҳфа ба муаллимон ва сайру гашти оммавиро манъ карда буд.
Соли 2017 коллегияи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи он барои таҷлили “Занги охир” омӯзгорон муҷозот карда мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Оказывается, премьера «Кавказской пленницы…» состоялась в Душанбе. Рассказываем, как это было
РБК: По делу о теракте в «Крокусе» задержан ещё один гражданин Таджикистана
В Казахстане завершилось судебное следствие по делу бывшего министра экономики, обвиняемого в убийстве жены
Коклюш: что за болезнь и чем она опасна?
Таджикистан выразил обеспокоенность отказами во въезде таджикистанцев в РФ
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
В высшей лиге Таджикистана произошла первая отставка тренера
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста