Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони ширкатҳои букмекерӣ, ки дар қаламрави пойтахт фаъолият доранд, дар робита бо ҷалби ғайриқонунии ноболиғон ба ин марказҳо, мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ намудани воридшавии ноболиғон ба толорҳои марказҳои букмекерӣ, риояи қонунгузорӣ дар ин самт, ба муқаррарот ва меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани фаъолияти чунин марказҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти чунин идораҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои воридшавӣ ва ҷалби ғайриқонунии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба марказҳои букмекерӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва маорифи пойтахт ва ширкатҳои букмекерӣ ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва пешгирии ворид шудани наврасону ҷавонони то синни 18 сола ба чунин марказҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.


Ба иттилои манбаъ, раиси шаҳр таъкид намуд, ки воридшавии наврасону ҷавонон ба чунин марказҳо бар хилофи қонун буда, саривақт пешгирӣ накардани ин омил дар раванди таҳсил, давомоти хонандагон ва мафкураи наврасону ҷавонон, ки дар ташаккули ҷомеаи солим нақши асосӣ доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Таъкид шуд, ки дар сурати аз ҷониби идораҳои  букмекерӣ риоя нагардидани  талаботи қонунгузорӣ дар самти пешгирии ҷалби ноболиғон фаъолияти онҳо пурра қатъ карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе 8 ширкати букмекерӣ дар 139 нукта, бо шумораи 160 нафар корманд фаъолият менамоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.