Дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ барқ асосан танҳо рӯзона дастрас буда, шабона тахминан аз соатҳои 24:00 то 6-и субҳ интиқоли барқ қатъ мегардад. Гузашта аз ин, дар як қатор ноҳияҳо давра ба давра интиқоли барқ рӯзона низ боздошта мешавад.
Аз мунтазам қатъ шудани интиқоли барқ сокинони ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт, ҳамчунин баъзе ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар шикоят доранд.
Дар ширкати “Барқи тоҷик” ин қатъкуниҳои интиқоли барқро ба баргузории корҳои таъмиру навсозӣ дар хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо пас аз сарбории зербино дар мавсими зимистон нисбат медиҳанд. Интизор меравад, ки ин корҳо рӯзҳои наздик ба итмом мерасанд.
Дар шабаакаҳои барқ бошад, таваққуфҳо дар интиқоли барқро ба норасоии об дар обанбори Норак марбут медонанд.
“Дар обанбор начандон оби зиёд боқӣ мондааст, аз ин рӯ маҷбурем, ки сарфакорӣ намоем”, - гуфтанд дар яке аз воҳидҳои ширкати “Барқи тоҷик”.
Аввали моҳи марти соли равон сатҳи об дар обанбори Норак дар нишондиҳандаи 865 метр қарор дошт. То ба истилоҳ “ҳадди ақал” (857 метр аз сатҳи баҳр), ки бо расидан ба он истифодабарии обанбор аз рӯи нишондиҳандаҳои техникӣ манъ мешавад, ҳанӯз аввали ҳамин моҳ 8 метр боқӣ монда буд. Ҳамин давраи соли гузашта сатҳи оби иҷозашудаи обанбор барои истифода беш аз 16 метрро ташкил медод.
Ба камбуди барқ ҳамчунин боздошта шудани кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки моҳи ноябри соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, низ таъсир расонид.
Дар мақомоти энергетика мегӯянд, ин тасмим бо мақсади баргузор намудани корҳо ҷиҳати ошкор кардани ноқисии қисмҳои гидроагрегат рӯйи кор омадааст.
Қобили зикр аст, ки дар кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Душанбе низ гоҳ-гоҳ рӯзона аз соати 9 то 16:00 интиқоли барқ қатъ карда мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.