Ҳаракати нақлиёт ва равуои одамон бо роҳи Ворух-Исфара баъди панҷ рӯзи баста шудан дубора имконпазир шуд.
Роҳи мазкур, ки қаблан аз ҷониби қирғизҳо баста шуда буд, пас аз гуфтушунидҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон боз шуд. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ба роҳ надодани муноқишаҳо дар сарҳад ҳамаҷониба талош хоҳанд варзид.
Дар шарҳи натиҷаҳои гуфтушунид, ки дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ доир гардид, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим иброз дошт, ки дастоварди муҳими он аз роҳи Исфара-Ворух дур кардани марзбонони ҳарду кишвар мебошад.
Қобили зикр аст, ки Ворух барои Тоҷикистон эксклав ва барои Қирғизистон анклав шуморида мешавад. Эксклав - қаламравест, ки дар дигар кишвар воқеъ буда, ба ин давлат тобеъ аст. Анклав - қаламраве, ки дар дохили як кишвар воқеъ буда, лекин ба ин давлат тобеъият надорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.