Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи боло бурдани арзиши интернети мобилии NGN ва зангҳои байнишабакавӣ дар рӯйхати Вазорати адлияи Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда, мутаносибан барои танзими нархҳо ба хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ асос шуда наметавонад.
Вазорати адлияи Тоҷикистон ба дархости Ғафур Эркаев, раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии кишвар дар бораи санҷиш ва бақайдгирии фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 4 марти соли 2019 ба моддаи 89 қонуни Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ” посух дод.
Ин ҷавоб дар ихтиёри идораи “Азия-Плюс” низ қарор гирифт.
Мутобиқи моддаи 89-и қонуни мазкур, Вазорати адлия мутобиқати санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дорои хусусияти умумии ҳатмии вазорат, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди президенти Тоҷикистонро месанҷад.
Санандҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки аз бақайдгирии давлатӣ нагузаштаанд, оқибатҳои қонунӣ надошта, ҳамчун мавриди амал қарорнагирифта барои танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва истифодаи ҷазо барои иҷро нашудани таъиноти дар он зикргардида асос шуда наметавонанд.
Дар посухи Вазорати адлия бо имзои муовини вазир Абдуманнон Хоиқзода қайд мешавад, ки фармоиши зикршудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷиҳати санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ ба вазорат ворид нагашта, дар Феҳристи баҳисобгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.
Аз ин бармеояд, ки фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои танзими нарх ба хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ асос шуда наметавонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.