Дар қатори шаҳру ноҳияҳои вилоят, шаҳри Хуҷанд - маркази маъмурии вилояти Суғд ҳам аз мушкили норасоии табибони силшинос истисно нест. Дар Маркази мубориза зидди бемории сил дар Хуҷанд ҳоло 5 нафар табиби силшинос фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо нафақахӯр ҳастанд. Баъд аз даҳ соли оянда, агар ин табибон корро бас кунанд, эҳтимол дар маркази маъмурии вилояти Суғд табиби силшинос боқӣ нахоҳад монд.

Роҷеъ ба ин ва паҳлуҳои дигари вазъи бемории сил ва табобати он, бо Роҳат Шодибоева, директори Маркази мубориза зидди бемории сил дар Хуҷанд суҳбат оростем.

- Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд шаҳри Хуҷандро аз лиҳози норасоии табибони силшинос дар ҷойи аввал гузоштааст. Мушкили норасоии кадрҳо аз куҷо маншаъ мегирад ва чаро мутахассисони ҷавон намехоҳанд силшинос бошанд?

- Дар Маркази мубориза зидди бемории сил дар шаҳри Хуҷанд 7, 25 воҳиди корӣ барои табибони силшинос аз рӯи тарификатсия ҷудо карда шудааст. Аммо ҳоло дар марказ ҳамагӣ 5 нафар духтурони силшинос кор мекунанд.

Ман 37 сол собиқаи корӣ дорам. Давоми ин солҳо ягон нафар муттахассиси ҷавони силшинос ба марказ барои кор наомадааст. Мутахассисони ҷавон метарсанд, ки дар вақти табобат худ ба бемории сил сироят меёбанд. Монеаи дигар музди меҳнат аст, ки ҷавононро қонеъ намекунад. Вақте мефаҳманд, ки маош 700 - 800 сомонӣ аст, кор накарда мераванд. Имрӯз дар марказ 3 табиби касбии силшинос намерасад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид ва тибқи он аз 1-уми июли соли 2019 маоши табибони силшинос 100% баланд карда мешавад. Шояд пас аз ин мутахассисони ҷавон дар ин соҳа ба кор оянд.

Сурат: Asia-Plus

- Ҳоло вазъи бемории сил дар шаҳри Хуҷанд чӣ гуна аст?

- Дар Маркази мубориза зидди бемории сил дар шаҳри Хуҷанд соли 2018 55 нафар бемор дарёфт ва ба қайд гирифта шудааст. Соли 2017 ин рақам ба 51 нафар баробар буд.

Теъдоди беморони микробхориҷкунанда нисбат ба соли 2017 камтар шудааст. Агар соли 2017 шумори беморони микробхориҷкунанда 38 нафарро ташкил намуда бошад, соли 2018 ҳамагӣ 21 нафар беморони микробхориҷкунанда сабт шудаанд.

Соли 2018 аз 55 нафар беморон 34 нафар мардон ва дар соли 2017 аз 31 нафар 51 нафар беморон мардон буданд.

Соли 2018 аз 21 нафар занони ба бемории сил гирифторшуда 11 нафарашон синни қобили таваллуд доштанд. Соли 2017 аз 20 нафар занони ба қайд гирифташуда 9 нафарашон синни қобили таваллуд   доштанд.

Дар чунин ҳолат, мо руйхати ин теъдод занонро ба таваллудхонаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ пешниҳод мекунем, то онҳо ҳам иттилоъ пайдо кунанд, ки ин занҳо дар қайди маркази мо мебошанд. Соли 2017 мо 20 нафар занҳоро ба қайд гирифтем, ки аз онҳо 9 нафар синни қабили таваллуд доштанд.

- Ҳоло чанд нафар беморон дар қайди Маркази мубориза зидди бемории сили шаҳри Хуҷанд қарор доранд?

- Дар қайди Маркази мубориза зидди бемории сили шаҳри Хуҷанд 15 нафар беморони шакли мутобиқгаштаи сил мебошанд. Табобати онҳо аз 18 то 24 моҳро дарбар мегирад.

Теъдоди беморони ғайришушӣ 75 нафар мебошанд. Ин рақам ҳарчанд кам аст, аммо барои мо ташвишовар аст.

Бархеи ин беморон дар вақташ бо дорувории зидди сил дар шароити маҳаллҳо ва ё ҷамоатҳо таъмин карда нашудаанд. Вақте бемор дар вақташ дорувории зидди сил қабул накунад, сатҳи бемориаш авҷ гирифта, он ба шакли мутобиқгаштаи сил мубаддал мегардад. Нафароне, ки дар онҳо аломати ибтидоии бемории сил, ба мисли сулфаи давомдор, арақкунӣ, ҳарорати баланд пайдо шуд, бояд дар назорати ҳамшира ва ё духтурони оилавии худ истода, табобати кӯтоҳмуддатро  гузаранд.

Вақте аз беморхонаҳо сокинонро ба маркази мо равон мекунанд, мо ташхис мегузаронем ва дар ҳолати тасдиқ шудани бемории сил, аъзоёни оила,  ҳамсар ва ё шавҳари беморро таклиф карда, ба онҳо мефаҳмонем, ки табобати ин нафар бояд қатъ нагардад. Зеро бемории сил бештар ба асаб вобаста аст ва барои то охир табобат гирифтани бемор аъзои оила бояд ӯро дастгирӣ намоянд, на ин ки аз ӯ парҳез кунанд.

- Чаро имрӯз мардум бештар ба сил гирифтор мешаванд: таъсири бекорию хастагӣ ё кампулию камғизоӣ?

- Ин бештар ба пастшавии иммунитет (масуният) вобаста буда, иммунитет аз истеъмоли хӯрокҳои серғизо вобаста аст. Истеъмоли хӯроки ғамғизо ва якранг боиси паст шудани иммунитет мегардад. Аммо шароити танготанги манзил ва набуди ҷои кору даромади собит бисёриҳоро хаставу асабӣ мегардонад, ки ин низ як омили гирифтори ба бемории сил мебошад.

Лекин гурӯҳи хавф ҳамеша вуҷуд дорад. Барои мисол, афзоиши бемории диабети қанд, ВНМО иммунитети одамонро паст мекунанд ва барои сироятёбии бемории сил асос мешаванд. Зеро организм бо иммунитети паст ба бемории сил муқобилият нишон дода наметавонад.

Бо ин вуҷуд, Маркази мубориза зидди бемории сил дар шаҳри Хуҷанд бар  асоси барномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020” ва “ Нақшаи миллии стратегӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020”  фаъолиятро ба роҳ монда ва барои дарёфт ва табобати саривақтии беморон кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар ин ҷода нақши Лоиҳаи ХОУП ва Барномаи ЮСАИД оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистонро таъкид менамоям. Лоиҳаи ХОУП аз соли 2004 бо маркази мо ҳамкорӣ намуда, чандин таҷҳизоти наву замонавӣ тақдим намуд, ки имкон медиҳанд, ба зудӣ нафари гирифтори бемории сил муайян гардад.

Аз ҷониби Барномаи ЮСАИД ҳамаи табибони марказҳои зидди бемории сил ба кори тахассусӣ омӯзонида шуданд. Барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбиашон ин Барнома мусоидат намудааст ва онҳо медонанд, ки ба бемор чӣ гуна мусоидат кунанд, чӣ гуна дору тавсия диҳанд.

Бинои Маркази мубориза зидди бемории сил дар шаҳри Хуҷанд
Сурат: Asia-Plus

Қарор аст, рӯзҳои наздик аз ҷониби ин Барнома дастгоҳи ЭКГ ва Аудиометрия дастрас карда шавад. Ин таҷҳизотҳо барои санҷиши ҳармоҳаи кори дили беморони мутобиқгашта мусоидат мекунанд.

Аммо боз ҳам фарҳанги саривақт муроҷиат кардан ба духтур бояд миёни сокинон рушд кунад. Ҳар нафар агар аломатҳои бемории силро эҳсос кунад, бояд ба табибони оилавӣ муроҷиат кунад ва аз ташхис гузарад. Зеро бемории сил табобатшаванда аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.