Аз 18 апрел дар тамоми операторони мобилии Тоҷикистон мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон №31 аз 4 марти соли 2019 ҷадвали тарифҳои ягона ба хизматрасониҳои мобилӣ пайдо мешавад.
Ҳамаи нақшаҳои тарифҳо, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон то ин дам пешниҳод мекарданд, бекор карда мешаванд.
Мутобиқ ба фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамаи муштариён ба тарифҳои нав гузаронида мешаванд.
Фармоиши мазкур аз 18 апрел мавриди амал қарор мегирад.
Операторони мобилии Тоҷикистон муштариёни худро аллакай аз гузаштан ба нақшаи нави тарифҳо огоҳ карданд.
Бо розигии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳамаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҷадвали тарифҳоро ба се навъ ҷудо мекунанд: бо пардохти моҳонаи 25, 30 ва 35 сомонӣ. Бо ин маблағ муштариён дар ҳамаи ширкатҳо дақиқаҳои баробар барои гуфтугӯро дастрас мекунанд. Дар шарҳ ба тарифҳои нав дар сомонаи ширкатҳо қайд мешавад, ки дар сурати ба сифр баробар будани тавозун (баланс), дар муддати 180 рӯз танҳо зангҳои вурудии овозӣ ва SMS- паёмакҳо дастрас мешаванд.
Ҳамчунин ширкатҳо хабар медиҳанд, ки дар ҳолати номуваффақона гзаронидани пардохти моҳона (нагузаштани он), “ҳамаи амалҳои пардохшаванда кор нахоҳанд кард”.
Яъне бе пардохти моҳона, зангҳои хориҷшаванда (баромад), SMS/MMS-ҳо хориҷшаванда дастнорас мегарданд.
Ҷадвали тарифҳои ягонаи ҳамаи ширкатҳои мобилӣ:
Тарифи №1
Пардохти моҳона – 25 сомонӣ. Ба муштарӣ зангҳои бемаҳдуд (белимит) дар дохили шабака, 20 дақиқа ба шабакаҳои мобилӣ ва сабтшуда дар ҶТ, 20 SMS-паёмак дар ҶТ пешниҳод мешавад.
Тарифи №2
Пардохти моҳона – 30 сомонӣ. Ба муштарӣ 200 дақиқаи зангҳо дар дохили шабака, 30 дақиқа ба шабакаҳои мобилӣ ва сабтшуда дар ҶТ, SMS/MMS-паёмакҳои бемаҳдуд (белимит) дар ҶТ пешниҳод мешавад.
Тарифи №3
Пардохти моҳона – 35 сомонӣ. Ба муштарӣ 100 дақиқа ва 330 SMS/MMS дар ҶТ пешниҳод мешавад.
Тарифҳои барзиёдатӣ аз ин нақшаҳо (бастаҳо): Зангҳои хориҷшаванда дар дохили шабака – 0,10 сомонӣ, хориҷшаванда ба дигар операторони мобилӣ ва гуфтугуӯҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон – 0,25 сомонӣ, SMS/MMS-паёмак дар дохили ҶТ – 0,10 сомонӣ, SMS/MMS-паёмакҳои байнулмилалӣ – 0,50 сомонӣ ва интиқоли маълумот барои 1 МБ – 0,062 сомонӣ.
Арзиши 1 дақиқаи гуфтугӯ бо Русия то ба 1, 25 сомонӣ мерасад.
Tcell тарифҳои худро “Салом” (1, 2, 3), “Мегафон Тоҷикистон” – “Простой” (1, 2, 3) ва Babilon-М - «Муносиб» (1, 2 3) номидааст.
Ширкати мобилии Beeline ҳоло тарифҳои ягонаро дар сомонааш нагузоштааст.
Бастаҳои интернет аз байн мераванд
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо фармоиши худ аз 4 марти соли 2019 операторони мобилиро уҳдадор намуд, ки арзиши 1 Мб Интернетро на камтар аз 5 дирам бе назардошти андоз муқаррар кунанд. Ҳамин тариқ, аз санаи 18-ум 1 гигабайт (1024 мегабайт) интернети ширкатҳои мобилии Тоҷикистон на камтар аз 63 сомонӣ (ҳозира - 30-35 сомонӣ) нарх хоҳанд дошт.
Аз ин бармеояд, ки интернети мобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 маротиба қимат мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” дар яке аз ширкатҳои мобилӣ хабар доданд, бастаҳои интернете, ки қаблан операторон пешниҳод мекарданд, низ аз байн мераванд: барои ҳар 1 Мб муштарӣ 0,062 сомонӣ маблағ пардохт мекунад.
Санаи 13 апрел «Tcell» арзиши интернетро мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ нашр кард.
Ширкат ҷадвали бастаҳои интернети G-ро аз 250 мегабайт то 10 000 мегабайт пешниҳод мекунад. Нархи бастаи интернети G 1000 (1000 мегабайт) – 62 сомонӣ ва G 10 000 – 620 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар ин бастаҳо нархи ҳар як мегабайт 0,062 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ба гуфтаи як манбаъ дар ширкатҳои мобилӣ, қаблан зимни харидории бастаҳои интернет вуруд ба шабака барои муштариён арзонтар меафтид.
“Масалан, 3000 Мб интернетро дар бастаҳо муштариён тақрибан бо 65 сомонӣ харида метавонистанд. Акнун 3000 Мб 186 сомонӣ нарх хоҳад дошт. Яъне метавон гуфт, ки интернет қариб се маротиба гарон шуд”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон муштариёнро ба харидории бастаҳои солонаи интернет бо нархҳои паст то 18 апрел даъват мекунанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” ин масъаларо дар яке аз ширкатҳои мобилӣ шарҳ доданд, мегабайтҳои бо ин тарз харидоришударо метавон давоми сол истифода кард.
“Масалан, шумо 10 000 мегабайт харидед. Шумо ин мегабайтҳоро то санаи 31.12.2019 сол истифода бурда метавонед. Албатта, корбароне ҳастанд, ки ин миқдор мегабайтро давоми як моҳ харҷ мекунанд, вале барои аксарият, ки сарфа кардан мехоҳанд, ин як роҳи арзон харидани интернет аст”, - хабар дод як манбаъ аз ширкатҳои мобилӣ.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Что такое хелсизм и чем он опасен? Рассказывает врач из Таджикистана
В Кыргызстане опубликовали декларацию о доходах президента. Сколько он заработал?
Высшая лига Таджикистана подешевела. Сколько стоят таджикские футбольные клубы?
В Тегеране неизвестный застрелил двух судей Верховного суда
Жители села на юге Таджикистана вынуждены использовать талую воду для своих нужд – другой у них просто нет
В угольной шахте в Таджикистане погибли трое горняков
Таджикский футболист Вахдат Ханонов вместе с «Сепаханом» завоевал Суперкубок Ирана
Кабмин Израиля одобрил сделку с ХАМАС о прекращении огня в Газе
Россия и Иран стали «всеобъемлющими стратегическими партнерами». Что это значит?
Аренда жилья в Таджикистане. Как правильно заключить договор?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста