Гароншавии нархи Интернет дар Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии дар Русия қарордоштаро дар муқобили интихоби мушкиле қарор додааст: Қатъи робита бо пайвандон ё харҷи барзиёд барои харидории Интернет.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки Интернет ягона василаи иртибот бо пайвандонашон буд ва аз ин ба баъд онҳо маҷбуранд, ки ё иртиботро қатъ намоянд ё кам кунанд. Чун на ҳамаи сокинони кишвар имкони харидории Интернет бо нархномаи навро надоранд.
- Мо бо истифода аз Интернет бо пайвандони худ тариқи видео суҳбат менамудем, бо фарзандон дарс тайёр мекардем, онҳоро зери назорат мегирифтем. Акнун, ки нархро гарон карданд, иртиботи мо кам мегардад ва ин ба тарбияи онҳо таъсири хубе надорад,- мегӯяд яке аз муҳоҷирон.
Ҳарчанд ширкатҳои мобили аллакай тарифҳои нави худро эълон кардаву ба иҷрои қарори гароншавии Интернет пардохтаанд, муҳоҷирон боз ҳам умед доранд, ки ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти кишвар ин қарорро бозбинӣ мекунад ва онҳоро аз дидори пайвандонашон маҳрум намесозад.
Ёдовар мешавем, ки баҳси гароншавии нархи Интернет дар Тоҷикистон моҳи гузашта ба миён омад. Он замон мақомоти тоҷик сабаби аслии болоравии нархи Интернет дар Тоҷикистонро “ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар” ва “ҷилавгирӣ аз содиршавии ҷинояткорӣ” маънидод намуда буданд.
Бо расонаӣ шудани қарори мазкур, чанде аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ширкатҳои мобилии интернетрасон якҷо бо мақомоти дахлдори ҳукуматӣ ба музокирот пардохтанд ва натиҷаи ниҳоии гуфтушунидҳо ин шуд, ки қарори содиршуда ҳеҷ тағйир накард.
Ҳамакнун, бо боло рафтани нархи Интернет коршиносони соҳаи алоқаи барқӣ мегӯянд, ки ин иқдом воқеан норозигии мардумро ба бор оварда, ба рушди иқтисодии кишвар низ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 21 февраля 2025 года
Как построить ИИ-приложение за 0 сомони?
Афиша от «Азия-Плюс»: Дни японского кино, концерт Чоршанбе Аловатова и ярмарка «МартАртМаркет»
В Вахдате открыли первый ресторан KFC
Почему указ о весеннем призыве в Таджикистане в этом году издан в феврале?
Все осужденные по делу о «госперевороте» обжаловали приговор Верховного суда Таджикистана
Убитые оперативниками ФСБ в Пскове «члены МТО» оказались таджикистанцами
В школах должны быть рады всем. Что такое инклюзия и зачем она нужна в образовании в Таджикистане?
Французы проявили интерес к строительству ГЭС на реке Зарафшон
В Кыргызстане введены новые правила захоронений: каждому жителю бесплатное место и недорогой памятник
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста