Баъди талошҳои бенатиҷа барои поин бурдани нархи истифода аз Интернет дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фаъолони ҷомеа тасмим гирифтанд, бо як муроҷиатномаи дастаҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кулл муроҷиат кунанд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, гурӯҳе аз фаъолон, ки номаро таҳия кардаанд, аз тариқи Фейсбук аз хоҳишмандон хостанд, рӯзи 22-юми апрел ба назди Театри опера ва балет дар маркази Душанбе ҷамъ оянд ва зери нома имзо гузоранд.
Дар давоми ду соат дар муроҷиатнома беш аз 200 нафар имзо гузошта, ному насаб ва суроғаи ҷойи зисти худро навиштаанд.
Ин ташаббуси шаҳрвандист
Коршинос Абдумалик Қодиров мегӯяд, масъалаи қиматшавии интернет ва хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ барои аҳолӣ хеле муҳим буда, қисмате аз фаъолони ҷомеа иқдомҳои амалиро пеш гирифтанд, ки аз тағйирот дар шуурашон гувоҳӣ медиҳад.
“Бигзор бо шиору овезаҳо набошад ҳам, лекин мардум ба кӯчаҳо баромада, аз норозӣ буданашон бо ин қарор изҳори назар мекунанд. Ҳукумат ду роҳи ҳал дорад: 1) Онро ҷиддӣ қабул намуда, аз муносибати аҳолӣ бо худаш хулоса мебарорад ва 2) Сохторҳои қудратӣ барои пароканда кардан, муҷозоти фаъолон ва минбаъд роҳ надодан ба иқдомоти эътирозӣ чораҳои муҷозотӣ меандешанд”, - гуфт коршинос.
Аммо, ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, бо ҷамъоварии имзо фаъолон қонунҳои Тоҷикистонро вайрон намекунанд, зеро ин табаддулоти ҳарбӣ ё ҷиноят набуда, сокинони Душанбе дастгирии худро аз ин раванд нишон медиҳанд ва дар амалҳои онҳо аломатҳои чиноят ҷой надошта, танҳо ташаббуси шаҳрвандиро зоҳир кардан мавҷуд аст.
Зикр шуд, ки дар баъзе кишварҳо баъди иқдомҳои эътирозӣ раъйпурсиҳо гузаронида мешаванд, лекин дар қонунгузории ҷумҳурӣ ин пешбинӣ нашудааст.
“Агар иродаи сиёсӣ мавҷуд бошад, мувофиқи мақсад мебуд, агар ҳукумат ва презиент ба ин вазъ дахолат намуда, талаботи шаҳрвандонро қонеъ мекарданд, чунки ҳамаи қишри аҳолӣ муқобили болоравии қимати арзиши интернет ва хизматрасониҳои мобилӣ изҳори назар мекунанд”, - иброз дошт Шокирҷон Ҳакимов.
Аллакай дахолат карданд
Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” ташкилкунандагони ҷамъоварии имзоҳо хабар доданд, сохторҳои қудратӣ ба дахолат аллакай оғоз намудаанд. Дар яке аз кошонаҳои ҳусн варақаи муроҷиат бо имзоҳоро гирифта, дар яке аз мактабҳои олӣ ба донишҷӯён таҳдид кардаанд, ки агар имзо гузоранд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ мешаванд.
“Духтаре аз кошонаи ҳусн дархост намуд, ки муроҷиатро ирсол намоем, то ки ӯ ҳам имзо ҷамъоварӣ намояд. Лекин субҳи имрӯз кормандони шуъбаи 4-уми ВКД омада, варақаҳо ва нусхаи шиносномаи ӯро гирифтаанд. Дар яке аз мактабҳои олии пойтахт бошад, ба донишҷӯён гузоштани имзоро манъ ва таҳдид кардаанд ки дар акси ҳол, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешаванд”, - гуфтанд онҳо.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Из Таджикистана в Камбоджу: как долететь и что важно знать, собираясь в поездку
5 мифов о детских браках, или почему можно и нужно вмешиваться в вопросы традиций
Стало известно, когда таджикские спортсмены получат премию президента Таджикистана
Американские ученые обнаружили в мозге «отключающие» аппетит нейроны
ХАМАС освободил трех израильских заложников со вторым гражданством
Железные ворота: невероятное ущелье в Байсуне, где по легенде сыграл свадьбу Александр Македонский
МВД России предупредило о возможности заражения телефона вирусом через WhatsApp
Команды, регламент и даты. Каким в Таджикистане будет новый футбольный сезон?
Жителя Вахдата заподозрили в растлении несовершеннолетних
Зеленский в Мюнхене отказался подписать соглашение на передачу США 50% полезных ископаемых Украины
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста