Гузашти низомӣ ба муносибати ҷашни 74-умин солгарди Ғалаба дар Чанги Бузурги Ватанӣ санаи 9-уми май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе доир мегардад.

Дар маросими гузашти низомӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад. Гурӯҳи собиқадорони ҷангу меҳнат меҳмонони гиромиву муътабари чорабинӣ хоҳанд шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.

Пеш аз оғози сафороӣ маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи Гулхани абадӣ баргузор шуда, ҳозирин хотираи қурбониёни ҷангро бо хомӯшии якдақиқаина пос медоранд.

Дар гузашти низомӣ дар шаҳри Душанбе наздики 2 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии гарнизони Душанбе ва ҳамчунин сарбозону афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи Тоҷикистон 270 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафта, беш аз 100 ҳазор тан дигарбора ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг, аз ҷумла баъди марг ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.