Ширкати COOldesign studio дар саҳифааш дар Фейсбук тарҳи нави пули автомобилгард ва роҳи оҳанро дар маҳаллаи 103-уми Душанбе нашр кардааст.
“Лоиҳаи таъмиру навсозии пул дар маҳаллаи 103-уми шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе, ҳамчунин бар асоси қарори раиси пойтахт таҳия шудааст”, - қайд мешавад дар маълумот.
Дар бораи кай оғоз гардидану ба итмом расидани корҳои таъмиру навсозӣ дар пули зикршуда маълумот дода намешавад.
Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир қариб ҳамаи пулҳои шаҳри Душанбе таъмиру навсозӣ шуданд.
Моҳи сентябри соли 2017 пули таъмиру навсозишуда дар буриши кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Моёншо Назаршоев, дар роҳ ба самти фурудгоҳ ба истифода дода шуд.

Моҳи декабри соли 2017 бо иштироки раиси пойтахт пули роҳи оҳан дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Моҳи марти соли 2018 бо иштироки президенти Тоҷикистон маросими ба истифода додани пули роҳи оҳан пас аз таъмиру навсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар наздикии маҷмааи “Наврӯзгоҳ” баргузор шуд.

Моҳи ноябри соли 2018 пули роҳи оҳан ва автомобилгард пас аз таъмиру навсозӣ дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов, наздикии автовокзали пойтахт мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Наряды к Наврузу: где в Душанбе найти эксклюзивные образы к празднику?
Кто такая Латифа аш-Шараа — первая леди Сирии?
В Алматы наградили мужчину, спасшего заложницу в аэропорту
Что даст Центральной Азии транспортное развитие Афганистана?
Бизнес с женским лицом: как Шахло Ватанова строит текстильный бизнес и вдохновляет женщин
Трамп заявил, что Украина «может не выжить» даже при наличии помощи США
В Сирии убиты около тысячи алавитов-сторонников бывшего президента страны Башара Асада
Шараф Давлатмуродов одержал первую победу в лиге LFA
Стоимость утилизации автомобилей в Таджикистане возрастет до 16 тысяч сомони?
Молодая жительница Душанбе задержана за вымогательство
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста