Семоҳаи аввали соли равон беш аз 215 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайёҳӣ аз Тоҷикистон боздид карданд, хабар дод ба вакилони палатаи поёнии парлумон раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Нуъмон Абдуғаффорзода.
Ӯ зикр кард, ки мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон моҳи май оғоз гардида, шумори сайёҳони хориҷи тадриҷан меафзояд.
Бино ба маълумоти Кумита, соли 2018 1 млн. 155 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки нисбат ба соли пешин (2017) 2,6 баробар зиёдтар аст.
Дар мавриди таъсири аз ҷониби Тоҷикистон барои сайёҳон ҷорӣ гардидани боҷи сайёҳӣ ба шумори онҳо, роҳбари Кумита изҳор дошт, ки маблағи пардохти начандон баланд - ҳамагӣ 1 доллар аст.
“Мо дар ҳамдастӣ бо Вазорати молия таҳлил гузаронида ба хулоса расидем, ки боҷ барои сайёҳон набояд сарбории зиёд орад, зеро аз 1 доллари ИМА зиёд нест”, - иброз дошт Абдуғаффорзода.
Роҳбари Кумита илова намуд, ки воситаҳои аз ҳисоби боҷ ҷамъоваришуда ба рушди зербинои сайёҳии кишвар равона мегарданд.
Охири моҳи апрел палата поёнии парлумони ҷумҳурӣ ворид намудани тағироту иловаҳои дахлдорро дар ин хусус, аз ҷумла ҷорӣ гардидани боҷ барои сайёҳонро ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳо ҳатмӣ” маъқул шуморид.
Мувофиқи тағйироту иловаҳо, аз шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади сайру саёҳат ба Тоҷикистон меоянд, боҷи давлатӣ ситонида мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ ба тамошои кишварҳои дигар мераванд, ҳамчунин тоҷикистониёне, ки ба адои маросими ҳаҷ мераванд, низ боҷ пардохт мекунанд.
Сайёҳони хориҷии ба Тоҷикистон воридшуда ва шаҳрвандони кишвар, ки тавассути ширкатҳои сайёҳӣ сафар мекунанд, бояд барои ҳар як шабонарӯз 1 доллар боҷ пардохт кунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба адои маросими ҳаҷ мераванд, ба сифати боҷи давлатӣ 50 доллар маблағи иловагӣ пардохт мекунанд.
Аз пардохти чунин боҷ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, маъбони гурӯҳҳои якуму дуюм, кӯдакони синни то 16-сола ва дипломатҳо озод карда мешаванд.
Айни замон дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 145 ширкат фаъолият доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
7 причин детской лжи и как с ними бороться
Глава МИД Казахстана: «Таджикистан – наш стратегический партнёр и союзник в Центральной Азии»
В Таджикистане сняли документальный фильм «Рождение инноваций»
ОАО «Коммерцбанк Таджикистана» выпустил первые карты VISA Platinum и VISA Gold
Долг ТАЛКО вырос почти на 220 миллионов сомони
Ирина Винер ушла с поста главного тренера сборной РФ по художественной гимнастике
Парламент Армении одобрил начало процесса вступления в ЕС
«Азия-Плюс» начала применять технологии ИИ при создании медиаконтента
Размер утилизационного сбора может быть пересмотрен – Таможенная служба Таджикистана
Как таджикская легенда развивает футбольный клуб из Пенджикента
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста