Охири моҳи апрел бо дастури президенти Тоҷикистон 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи ҷумҳурӣ аз Ироқ ба ватан баргардонида шуданд. Ҳозир онҳо давраи мутобиқшавиро паси сар мекунанд.

“Бо назардошти дар чӣ гуна шароит зистан ва кадом ҳолатҳои душвори равониро аз сар гузаронидани кӯдакон, аз эҳтимол дур нест, ки ҷараёни мутобиқшавии онҳо тезу осон нахоҳад буд”, - гуфт дар посух ба саволҳои Asia-Plus Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқ (Омбудсмен)-и кӯдак дар Тоҷикистон.

Бино ба қавли ӯ, баргардонидани кӯдакон аз минтақаҳои амалиёти ҷангӣ намунаи нодир барои дигар кишварҳо шуд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо чунин таҷриба надоштанд.

“Ин ба туфайли сиёсати башардӯстонаи раҳбарияти кишвар имконпазир шуд. Барои мутобиқшавии кӯдакон ба ҳаёти маъмулии ҷомеа, кори марҳила ба марҳила ва муштараки вазорату идораҳо, мақомоти маҳалии ҳокимият ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ зарур аст. Муҳити беҳтарин барои рушди кӯдакон ҳаёт дар оила аст. Шояд аксарияти ин кӯдакон хешону пайвандон (падаркалону модаркалон, холаву амма, амаку тағо ва ғайра) доранд, ки ҷиҳати таҳти сарпарастии худ гирифтани тарбия ва ба воя расидани онҳо розианд. Ба назари ман, омӯзиши ин оилаҳо аз лиҳози муҳити мусоид, омодагӣ ба қабули кӯдакон ва таъмини моддии онҳо муҳим буда, ҳамзамон ба мутобиқшавии онҳо фаъолона мусоидат намудан лозим аст”, - қайд мекунад ӯ.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода мегӯяд, дар ин кор мақомоти ғамхориву парасторӣ ва ҳимоят, мақомоти иҷтимоӣ дар маҳалҳо нақши муҳим дошта метавонанд.

“Албатта, кӯдаконеро, ки наздикону пайвандон надоранд, давлат зери ҳимояту сарпарастии худ мегирад. Ба онҳо дар хонаҳои кӯдакону интернатҳо ҷой дода мешавад. Дар ин муассисаҳо барои рушди мукаммали кӯдакон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар ҳама гуна ҳолат, давлат онҳоро бо фоҷеаашон яккаву танҳо намегузорад. Дар мавриди солимгардонии онҳо аз нигоҳи равониву эҳсосот, мутобиқшавиашон ба ҳаёти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд”, - таъкид дошт омбудсмен.

Ӯ ҳамчунин бар ин назар аст, ки омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо дар масъалаи ба ҳаёти осоишта мутобиқ гардонидани кӯдакони аз дигар давлатҳо овардашуда аз лиҳози таҳияи амалҳои минбаъда дар ин самт муҳим аст.

“Чанде аз кишварҳо, аз ҷумла аврупоӣ низ, бо ишора ба таҳдиди аз чунин кӯдакон бармемомада, баргардонидани онҳоро рад мекунанд. Дигарон бо сабаби аз нигоҳи стратегӣ муҳим набудани ин масъала, аз ин амал даст мекашанд. Лекин сиёсати раҳбарияти кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба муҳайё сохтани шароитҳои мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон ва таъмини манфиатҳои онҳо нигаронида шудааст. Таҷрибаи кишвари мо дар мавриди баргардонидани кӯдакон аз сиёсати башардӯстона гувоҳӣ медиҳад, ки баҳри манфиати кӯдакон амалӣ мешавад”, - зикр кард Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода.

Ба ақидаи ӯ, мутобиқшавии кӯдакони навраси дар муҳити ҷангу даҳшат ва бераҳмӣ бавоярасида ба ҳаёти маъмулӣ кори осон нест.

“Ҷаҳонбинии онҳоро тағйир додан зарур аст. Муваффақият ба роҳандозии кор дар ин самт, то куҷо доимӣ будани он вобаста аст. Кори дастаҷамъонаи ҳамаи мутахассисон -  равоншиносону табибони каслаиҳои рӯҳӣ, кормандони иҷтимоӣ зарур аст. Саҳми ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ низ дар ин кор муҳим аст”, - иброз дошт омбудсмен.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таҷрибаи кори дигар кишварҳо, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Қафқозро қайд кард, ки дар ин самт барномаҳои муайянро амалӣ месозанд.

“Дар баъзе кишварҳо бо мақсади мутобиқгардонии кӯдакон марказҳои тавонмандиву барқароркунӣ ва буҳронӣ таъсис дода мешаванд. Албатта, ҳама гуна таҷрибаи мусбатро дар ин самт метавон таҳлил намудаву мувофиқи имкон истифода бурд. Кишвари мо ҳам дар ин масъала зимни баргардонидани кӯдакон солҳои 90-ум таҷриба дорад, ки дар ҳамдастӣ бо таҷрибаи дигар давлатҳо метавонад ба натиҷаи мусбат мусоидат намояд”, - чунин мешуморад Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон баҳри мутобиқшавии кӯдаконе, ки ба ватан баргаштанд, давлат ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар мутобиқшавии ин кӯдакон мутахассисни варзида, кормандони тиббӣ, равоншиносону табибони касалиҳои рӯҳӣ ва кормнадони иҷтимоӣ кумак мекунанд. Онҳо бо ҳама чизҳои зарурӣ, аз қабили сарулибосу бозича, воситаҳои гигиенӣ, ғизои солим таъмин карда шуда, хӯроки онҳо зери назорати табибон қарор дорад.

“Ҳамаи кӯдакон аз ташхиси пурраи тиббӣ гузаштанд. Хушбахтона, ҳеҷ кадоме аз онҳо бемории ҷиддӣ надорад. Корҳои эмкуниву ваксиназании онҳо ҷараён дорад. Вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ, Вазорати маорифу илм ва дигарон кумак мекунанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ ба ҳамкорӣ бо ҳамаи ниҳодҳо дар мусоидат ба амалисозии ҳуқуқи кӯдакон омода аст”, - илова кард ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.