Рӯзи 9 май бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими рӯнамои 4 троллейбуси муосири тамғаи 3321 00 D доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, троллейбусҳо аз ширкати «Белкоммунмаш»-и Беларус харидорӣ шуда, аз лиҳози харҷи камтари нерӯи барқ, сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ҳаракат дар тамоми ҳолату шароити шаҳр аз тамғаҳои қаблӣ бартарияти зиёдро доро мебошанд.
“Троллейбусҳои мазкур бо истифода аз технологияи пешрафта истеҳсол гардида, дорои муҳаррики қувваи ҷараёни тағйирёбандаи қабулкунанда ва батареяҳои литий барои захираи нерӯи барқ мебошад, - омадааст дар хабар. - Ин имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат тавассути ноқил троллейбус дар таҷҳизоти худ нерӯи барқро захира намуда, дар ҳолати зарурӣ то масофаи 15 -20 километр бе ноқил ҳаракат намояд”.
Гуфта мешавад, ин навъи троллейбусҳои муосиру замонавӣ дар минтақаи Осиё Марказӣ бори аввал ба шаҳри Душанбе оварда шудааст.
Зимни шиносоӣ раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур дод, ки баҳри дар оянда ворид намудани чунин воситаҳои нақлиёти муосири мусофиркашонӣ ва таҷдиди парки троллейбусҳо чораҷӯӣ карда, дараҷаи тахассуси касбии ронандагон тавассути курсҳои бозомӯзӣ баланд бардошта шавад.
“Троллейбусҳои муосир иқтидори ғунҷоиши то 90 нафар мусофирро дошта, аз 22 ҷойи нишаст, лавҳаҳои иттилоотӣ, воситаҳои огоҳкунӣ аз ҷониби мусофирон дар дохил ва беруни он, инчунин низоми мушоҳидавии дохилӣ бо 8 адад камера иборат аст, ки барои фаъолияти ронандагон қулай мебошад”, - қайд мешавад дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин барои даромаду баромади мусофирон дар он низоми «книлинг» насб гардидааст, ки дар ҳолати зарурӣ даромадгоҳи троллейбус ба воситаи дастгоҳи идоракунӣ аз ҷониби ронанда паст ва баланд карда мешавад.
Барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд дар даромадгоҳи мобайн таҷҳизоти «аппарел» насб гардидаст, ки тавассути он даромадгоҳ то сатҳи лозима поёну боло карда мешавад.
Дар ҷараёни боздид ба масъулини дахлдор супориш дода шуд, ки троллейбусҳои нав дар давоми 6 моҳи аввал ба таври озмоишӣ истифода бурда шаванд.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январ мақомоти шаҳрдории Душанбе дар бораи харидории чор троллейбуси муосир ба харҷи як миллион доллар хабар дода буд.
Зикр гардида буд, ки ҳар кадоме аз ин троллейбусҳо тақрибан 250 ҳазор доллар нарх дошта, дар доираи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе” бо дастгирии БАТР: 50%-и пул грант ва 50% - қарз дастрас карда мешаванд.
Тибқи маълумоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, айни замон дар 7 хатсайри троллейбусии шаҳри Душанбе 87 адад воситаҳои нақлиёти барқии корхона ба мусофирон хизмат мерасонанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Подборка платформ, где вы можете учиться из дома на русском, таджикском и английском
Суд продлил арест еще трем фигурантам дела о теракте в "Крокусе", этапированным из Дагестана
В Пакистане произошли столкновения между полицией и сторонниками Имрана Хана
Как школьникам Таджикистана попасть в американскую программу Camp Rising Sun
Глава ВТБ: Без мигрантов экономика России не будет дышать
В Таджикистане задержан мошенник: он обманул 42 человека, обещая им поездку в Саудовскую Аравию
Стратегия выживания: Таджикистан готовится к изменению климата
Путин призвал не допустить дестабилизации ситуации в СНГ
В Таджикистане подешевели лимоны и морковь, а мясо и молоко подорожали
Навстречу «Талибану». В России решили создать механизм исключения организаций из списка террористических
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста