Дар шаҳри Душанбе Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон ("ХАОМ - Тоҷикистон") дар доираи лоиҳаи “Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зӯроварӣ аз рӯйи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо барои кормандони маҳаллии низоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон омӯзиши таълимӣ (рӯзҳои 15-16 май) мегузаронад.

Иштирокчиёни тренинг нозирони минтақавии милитсия аз 15 шаҳру ноҳияҳои мақсаднок ва 14 нафар нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила иборат мебошанд, ки ба онҳо мундариҷа ва татбиқи Дастурамал «Доир ба ташкили фаъолияти кормандони мақомоти корҳои  дохилӣ оид ба пешгирӣ, бартарафкунӣ ва эътино намудан ба ҳолатҳои зўроварӣ дар оила» омӯзонида мешавад.

Мақсади асосии гузаронидани омӯзишҳои таълимӣ ин огоҳонидани саривақтии кормандони милитсия дар бораи амалисозии Дастурамали мазкур мебошад. Коршиносон  татбиқкунӣ, бароҳмонии низоми бозфиристӣ ва ҳамкории кормандони милитсияро бо субъектҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шарҳ медиҳанд.

Ин малакаҳо барои содда кардан, инчунин бароҳмонии низоми эътино, бартарафкунӣ ва расонидани кӯмаки саривақтӣ, ва дар ҳолатҳои зарурӣ бозфирист намудан ба сохторҳои дахлдори давлатиро пешбинӣ мекунанд. Тамоми ин ташаббусҳо барои таъмини босифати хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, равонӣ, тиббӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шахсоне, ки гирифтори зӯроварӣ дар оила шудаанд, равона мегарданд.

ХАОМ - Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро дар татбиқи лоиҳаи мазкур ва инчунин ба миқдори кофии вақт, ба татбиқи дурусти он дар системаи мақомоти давлатӣ ва корҳои дохилӣ манфиатдор месозад ва ҳамеша омода аст, ки дар ҳамкорӣ бо иҷрои дастурҳои мазкур ҳамкорӣ намояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.