Дар бозору фурӯшгоҳҳои маҳсулоти хӯроквории Тоҷикистон моҳӣ ва гӯшти мурғ қимат шуд. Тавре маълум шуд, болоравии нархи онҳо натанҳо ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон вобаста аст.

Имрӯзҳо нархи як кило моҳии истеҳсоли маҳаллӣ то ба 40 сомонӣ дакка хӯрда, моҳии яхшудаи аз хориҷи кишвар воридшуда 28 сомонӣ барои 1 кило нарх дорад.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, давоми 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон наздики 288 тонна ва соли 2018 - ҳудуди 3 ҳазор тонна моҳӣ ворид шудааст.

Тавре Вазорати кишоварзӣ иттилоъ медиҳад, аз оғози соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 421,1 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта - 17,3% зиёдтар мебошад.

Мувофиқи меъёрҳои тавсияшудаи ғизо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, як нафар дар як шабонарӯз бояд 25 грамм моҳӣ ё маҳсулоти моҳӣ ва дар як сол - 9 кило ин навъи маҳсулотро истеъмол намояд.

Барои таъмини аҳолии нуҳмиллионннафараи Тоҷикистон бо ин навъи маҳсулот дар як сол тақрибан 80 ҳазор тонна моҳӣ лозим аст.

Дар кӯлу ҳавзҳои ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, ки қаблан замони шӯравӣ то 80% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳиро дар вилояти Хатлон истеҳсол мекарданд, ин нишондиҳанда имрӯз то ба сатҳи 20% поин рафтааст.

Нархи гӯшти мурғ низ дар бозору мағозаҳои кишвар ахиран аз 13-15 сомонӣ барои 1 кило то ба 20 сомонӣ боло рафт.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ба санаи 1 явнари соли 2019 саршумори паррандагон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздики 6,7 ҳазор сарро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон айни замон 109 корхонаи истеҳсоли тухму гӯшти парранда амал мекунанд, ки 79 адади онҳо дар вилояти Суғд, 21-то дар ноҳияҳои тобеи марказ, 8 адад дар вилояти Халон ва 1-то дар ВМКБ ҷойгиранд. Танҳо дар 10-тои ин корхонаҳо ба истеҳсоли гӯшти парранда машғуланд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парранда дар ҷумҳурӣ 7 ҳазору 135 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 - 307 тонна бештар аст.

Соли 2018 аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 27,4 ҳазор тонна гӯшти яхшудаи парранда ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2017 - 16,7 ҳазор тонна камтар мебошад. Давоми моҳҳои январ-апрели соли 2019 ҳаҷми воридоти гӯшт ба кишвар наздики 11 ҳазор тоннаро ташкил дода, вале маълум нест, ки чӣ миқдор аз ин ҳаҷм гӯшти парранда аст.

Гӯшти парранда ба Тоҷикистон асосан аз ИМА, Канада, Туркия, Лаҳистон (Полша), Русия, Украина ва Ӯзбекистон оварда мешавад.

Дар Вазорати кишоварзӣ қайд мекунанд, ки гӯшти парранда тезвайроншаванда буда, аз ин рӯ, аз лиҳози бехатарӣ гӯшти паррандаи истеҳсоли ватанӣ беҳтар аст, лекин барои пурра қонеъ кардани талаботи аҳолӣ ҳаҷми истеҳсоли он кофӣ нест.

Зимнан зикр шуд, ки талаботи дар ҳоли афзоиш қарордошта ба гӯшти мурғи истеҳсоли ватанӣ тақозо мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ зиёд карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.