Кормандони Кумита дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи ҷашни Иди Рамазон, ки санаи 5 июн таҷлил мегардад, рейд гузаронида, “хоксорӣ”-и дастурхонро муайян мекунанд. Соли гузашта андозаи дастурхон низ муайян шуда буд.

“Дар доираи баргузории рейд дастурхони оростаи аҳолӣ санҷида мешавад, то ки ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ роҳ дода нашуда, дастурхон хоксорона бошад”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи мазкур.

Бино ба гуфтаи манбаъ, имсол андозаи дастурхон муайян карда намешавад. Соли гузашта Кумита тавсия дода буд, ки андозаи дастурхони идона бояд аз 1х1,5 метр зиёд набошад.

Дар Кумита хабар доданд, ки рӯи он бояд мева ва чанде аз навъҳои шириниҳои идона, аз ҷумла чагалдак ва орзуқ гузошта шуда бошад. “Хушкмева ҳам гузоштан боке надорад, лекин набояд хеле зиёд бошад”, - қайд кард манбаъ.

Қобили зикр аст, ки барои риоя нашудани ин қоидаҳо барои қонуншиканон то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2017 ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”тағйирот ворид шуда, ба аҳолӣ тавсия дода шуд, ки дар рӯзи ҷашнҳои Иди Рамазону Қурбон ба исрофкорӣ роҳ надода, дастурхони хоксорона ороянд.

Ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки ба гунаи мисол дар бораи баргузории тӯйи арӯсӣ дар қонун саҳеҳан рақамҳо оварда шуда, (на бештар аз 2 рӯз, на бештар аз 200 нафар меҳмонон, 4 автомашина дар вақти қайди ақди никоҳ ва ғайра), вале дар бораи андозаи дастурхон чизе гуфта нашудааст.

«Парлумон метавонист дар қонун муайян кунад, ки андозаи дастурхон дар идҳои Рамазону Қурбон набояд бештар аз 1х1,5 метри мураббаъ бошад ё маблағи умумии хароҷот бояд чунин миқдор бошад ва барои риоя нашудани он ҷазо муқаррар намояд, лекин айни замон дар қонун ин муқаррарот вуҷуд надорад», - мегӯянд онҳо.

Хоксорӣ зеби инсон аст

Соли гузашта ҳайати кормандони “Азия-Плюс” озмоише гузаронида, дастурхони андозааш 1х1,5 метрро барои иду пешвози меҳмонон оростанд. Дар рӯи гилем бо андозаи муқарраршудаи Кумита (1х1,5 метр) дастурхон ороста, рӯи он шириниҳову ҳар гуна нуқлу наво гузоштанд. Дастурхони хубе шуд. Барои оростани чунин дастурхон дар соли 2018 мо 230 сомонӣ маблағ харҷ кардем.

Asia-Plus

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.