Ҷасади зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ Қурбоналӣ Мусулмонов, ки ҳангоми саркӯб кардани ошӯби рӯзи 19 май дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат ҳалок шуд, дарвоқеъ ҳам рӯзи 23 май дар қабристони деҳаи Одешт гӯронида шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ.
“Ҷасад аз ҷониби хешони Мусулмонов шинохта шуда, волидони Қурбоналӣ дар маросими гӯручӯб умуман ҳузур надоштанд, онҳо аз Русия ба маросими дафн наомаданд”, - қайд кард манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон маълумоти чанде аз ВАО-ро дар бораи он, ки Қурбоналӣ Мусулмонови дар рӯйхати фавтидагони ҳангоми ошӯб қарордошта зинда будаасту бо ҷойи ӯ каси дигарро гӯронидаанд, “сафсата” номид.
“Барои ҳангомаи беасосу бемаънӣ чанде аз ВАО чизҳоеро фикр карда мебароранд, ки ҳатто дар филмҳои машҳури фантастикӣ низ онҳоро наметавон дарёфт”, - гуфтанд дар Сарраёсати мазкур.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Қ. Мусулмонов соли 2018 мутобиқи моддаи 401 прим 1 (Ҷалб ва иштироки ғайриқонуниии шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳидҳои ҳарбӣ, низоъи мусаллаҳона ё амалҳои ҳарбӣ дар қаламрави кишварҳои дигар)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, баъди ошӯби рӯзи 19 май дар зиндони Ваҳда мақомот маҳбусони ҳалокшударо бошитоб ва дар бисёр маврид бидуни нишон додан ба хешовандонашон ва ҳатто дар чанд маврид бе намози ҷаноза ба хок супурданд.
Ҳамин тавр, ба волидони Қурбоналӣ Мусулмонов аз деҳаи Одешти ноҳияи Ванҷ ҷасадеро дода, гуфтанд, ки писари онҳост. Падари Қурбоналӣ рӯи мурдаро кушода, нигоҳ андохт, вале сару рӯи мурда чунон задаву кӯфта ва варам буд, ки падари ғамзада дигар нигоҳ карда натавонист ва ҷасадро рӯзи 23 май дар оромгоҳи Одешт дафн карданд. Ҳайрати ин хонавода беандоза буд, вақте рӯзи 30 июн Қурбоналӣ билохира имкон ёфту аз маҳбас бо онҳо тамос гирифт, ки ӯ зиндаву саломат аст...
Ёдрас мекунем, ки бар ошӯб дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат санаи 19 май 32 нафар - 29 маҳбус ва 3 корманди муассиса ҳалок шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.