Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев санаи 4 июл дар маросими расмии супоридани кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон иштирок намуд.

Тибқи қарори ҳукумати Қазоқистон, бо мақсади расонидани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ, дар маҷмӯъ 83 систерна, оварда шуд.

Гуфта мешавад, сертификати бори мазкурро сафири Қазоқистон ба муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супорид.


Зимни суханронии худ сафири Қазоқистон қайд кардааст, ки Қазоқистон ҳамасола ба мардуми бародари Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона мерасонад, ки ҳаҷми умумии он аз соли 2006 инҷониб зиёда аз 37 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд.

Ёдрас мекунем, ки мощи декабри соли гузашта бо қарори ҳукумати Қазоқистон, бо мақсади расонидани  кумаки башардӯстона, барои ба Тоҷикистон овардани 5000 (панҷ ҳазор) тонна мазути сӯзишворӣ, ҳамагӣ 83 систерна, 1,5 миллион доллари ИМА ҷудо карда шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.