Дар Душанбе маросими ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тақдим кардани 127 номгӯи техника аз ҷониби Чин доир гардид. Маблағи умумии техникаи пешниҳодшуда - беш аз 6 млн. долларро ташкил медиҳад.

Номгӯи техникаи ба таври ройгон тақдимшуда ба наҷотдиҳандагони тоҷик аз мошинҳои сайёри ҳамаҷогард, робот, қаиқ, булдозер ва ғайраҳо иборат аст.

Ба туфайли кумаки Чин, минбаъд дар КҲФ Тоҷикистон озмоишгоҳ (лаборатория)-и кимиёвӣ ба кор медарояд, ки тариқи он санҷиши сатҳи радиатсия дар ҳаво имконпазир мегардад.

1/16

Қобили зикр аст, ки чунин кумаки безургмиқёсро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қаблан ҳеҷ гоҳ нагирифта буд.

Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба ҷониби Чин барои кумак миннатдорӣ изҳор намуда, изҳори итминон кард, ки техникаи мазкур ба наҷоти ҳаёти одамон ҳангоми фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ кумак хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.