Нимаи аввали соли равон беш аз 300 ҳазор нафар баҳри даёфти кор ҷумҳуриро тарк намудаанд, ки беш аз 40 ҳазор нафарро занон ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 49 ҳазор ё худ 19 фоиз зиёдтар мебошад.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Эмин Сангинзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки тоҷикистониён асосан Русия (зиёда аз 293 ҳазор нафар) ва Қазоқистон (5,5 ҳазор нафар)-ро кишвари муҳоҷирату кор интихоб кардаанд.
Дар баробари ин, дар ин давра каме бештар аз 188 ҳазор нафар муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан баргаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз камтар аст.
Дар робита ба масъалаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Қатар ва шароитҳои кору зиндагӣ дар он Сангинзода изҳор намуд, ки “он ҷо хеле гарму намнок аст”.
“Айни замон дар Қатар сохтмони иншоот барои баргузор намудани мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 ҷараён дорад, - гуфт ӯ. - Шароити иқлими он ҷо монанди мо нест, аз ин рӯ, муҳоҷирони моро даъват намекунанд. Аз ҷониби дигар, маоши миёна дар он ҷо барои муҳоҷирони сохтмончӣ ба ҳисоби миёна на бештар 350 долларро ташкил медиҳад, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон қобили қабул нест”.
Зимнан зикр шуд, ки ҷониби Қатар ба ҷалби тоҷикистониён ба кор дар бахшҳои хизматрасонӣ, нақлиёт, посбонӣ ва соҳаи IT-технология бештар ҳавасманд аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.