Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки нимаи аввали соли 2019 нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии сокинони кишвар беҳтар шудааст.

Муовини вазир Эмин Сангинзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2019 музди миёнаи меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ қариб 1 350 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 151 сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми солона дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти коршиносон, 8,3%-ро ташкил медиҳад.

Дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди миёнаи меҳнати аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок - 2609,7 сомонӣ, сохтмон - 2526,8сомонӣ, нерӯи барқ, газ ва таъминоти об - 2074,8сомонӣ ва сатҳи пасттарини он дар соҳаи кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ - 539,0 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар сохтори навъи фаъолияти иқтисодӣ 45%-и коргарон ба бахши кишоварзӣ рост меоянд.

Қаблан Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ дар бораи сатҳи музди меҳнат дар кишварҳои узви ИДМ маълумот нашр кард, ки маоши пастттарин байни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар Тоҷикистон зикр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.