Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи таҷлили 85-солагии аз чоп баромадани нахустшумораи рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, фестивали мазкур бо мақсади таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ, рушду нумӯи минбаъдаи санъати мусиқӣ, густариши робитаҳои миллату халқиятҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав доир хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дар фестивал иштироки ҳунармандони соҳаи эстрада, бахусус ҷавонон, ҳамчунин санъаткорон – меҳмонон аз давлатҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ба ғолибону иштирокчиёни Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” аз тарафи кумитаи тадорукот Диплом ва туҳфаҳои хотиравии ҳукумати вилояти Суғд тақдим мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.