Шурӯъ аз дирӯз, 19 август дар дастрасӣ ба портали “Азия-Плюс” тавассути доменҳои news.tj ва asiaplus.tj мушкилӣ пайдо шуд.

Бисёре аз корбарони сомона изҳор мекунанд, ки ба он ҳатто тариқи VPN дастрасӣ пайдо карда наметавонанд. Зимни расидагӣ ба ин масъала маълум шуд, ки ин ҷо ноқиси техникӣ ҷой доштааст.


Ба ширкати фароҳамсози интернет (интернет-провайдер)-амон муроҷиат кардем. Он дар навбати худ дар мактуби махсус дар бораи хатои мақомоти давлатӣ - воҳиди шомил ба Хадамоти алоқа, ки минтақаи доменнии TJ-ро танзим мекунад, огоҳ намуд.

Субҳи имрӯз низ ба ин шуъба занг зада, шарҳи мушкилро дархост намудем. Ваъда доданд, ки нимаи дуюми имрӯз ин камбудиро бартараф мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тариқи VPN домени эҳтиётии мо - asiaplustj.info дастрас аст. То бартараф кардани хатогии техникӣ метавонед аз он истифода баред. Ҳамчунин аз канали мо дар Telegram https://t.me/asiaplus ва дар Viber https://viber.com/asia-plus.

Хабарҳоро ҳамчунин дар канали мо дар  Фейсбук низ дарёфт карда метавонед: https://www.facebook.com/newstj/

Ба Дзен-канали мо буна шавед

https://zen.yandex.ru/id/5b518f959a626100a922458a

Ва ба канал дар Инстаграм

https://www.instagram.com/asiaplustj/