Кумитаи ҳимояи ҳуқуқи журналистон (CPJ) дар мавриди дастнорас будани сомонаи Хабаргузории “Азия-Плюс” изҳори нигаронӣ изҳор кард.
“Бо назардошти мақоми поини Тоҷикистон дар феҳристҳои озодии матбуот, мушкили дастрасӣ ба сомонаи Хабаргузории “Азия-Плюс” ва зоҳир нашудани таваҷҷуҳ ба ин масъала боиси ташвиш аст”, - изҳор доштааст ҳамоҳангсози барномаи CPJ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ню-Йорк Гулноза Саид.
Ҳукуматдорони тоҷик бояд мушкилро ошкор ва ба таъмини дастрасии сомона кумак кунанд, то ки ҷомеа ба иттилоот дастрасӣ дошта бошад, омадааст дар изҳороти CPJ.
Кумита зикр мекунад, ки аз 19-уми август сомона ва суроғаҳои почтаи электронии нашрия дастнорасанд. То ин дам дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” муддати сол қатъ шуда буд.
Ду домени асосии «Азия-Плюс» - news.tj ва asiaplus.tj айни замон ҳатто тариқи VPN дастнорасанд. Рӯзи 19-уми август дар сабти техникӣ ба DNS-сервери мо дар калимаи «cloudflare» ба ҷойи ҳарфи “О” рақами 0 (сифр) хато пайдо шуд.
“Ин шояд хато ё ҳамлаи рахнагарон бошад, лекин Феҳристи миллии доменҳо шикояти “Азия-Плюс” ва ширкати «Eastera»-ро, ки хостингро пешниҳод мекунад, таҳқиқ накардааст”, - баён мешавад дар маълумот.
CPJ ҳамчунин ба Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ки масъули доменҳо аст, дархости электронӣ фиристодааст, лекин то ҳол шарҳашро нагирифтааст.
Ёдрас мекунем, ки Букет Ҷошкунер, ҳамоҳангсози муоширати байнулмилалӣ дар Корпоратсияи байнулмилалӣ оид ба идоракунӣ ба номҳои доменӣ ва IP-суроғаҳо (ICANN) қаблан зимни посух ба суолҳои Радиои Озодӣ изҳор дошт: “Ба мо маълум аст, ки ном (username) ва калидвожа (password)-е, ки asiaplus.Itd барои ворид шудан ба номи домейн дар сайти сабтшудааш истифода мекунад, рахна шудааст ва як шахси ғайримутасаддӣ ин нишондодро тағйир додааст. Вале мо намедонем, ки инро чӣ касе анҷом додааст”.
“Ҳамаи ҷонибҳо, яъне “худи “Азия-Плюс”, регистратор ё ниҳоди сабткунанда ва ниҳоде, ки дар он доменҳои .tj сабтином мешаванд, бояд таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдодаро ба роҳ монда, нуқтаҳои заъфро пайдо кунанд”, - гуфтааст Ҷошкунер.
Ба мактубу муроҷиатҳои “Азия-Плюс”, ки дар онҳо хато дар номи домени сомонаи асосӣ «Азия-Плюс» (news.tj) зикр шудааст, мақомоти дахлдор посух намедиҳанд.
Айни замон ба сомонаи иттилоотии “Азия-Плюс” тариқи VPN бо домени нав - asiaplustj.info метавон ворид шуд.
Ҳамчунин хабарҳои моро дар каналҳои Telegram https://t.me/asiaplus (ба забони русӣ), https://t.me/asiaplustj (ба забони тоҷикӣ) ва дар Viber https://viber.com/asia-plus дарёфт карда метавонед. Хабарҳои мо дар саҳифаамон дар Facebook https://www.facebook.com/newstj/ низ қобили дарёфт аст. Ба Дзен-канал - https://zen.yandex.ru/newstj ва Инстаграми мо - https://www.instagram.com/asiaplustj/ обуна шавед.
Метавонед тариқи суроғаҳои нави мо бо “Азия-Плюс” дар робита бошед:
* Идора - [email protected]
* Радио - [email protected]
* Хадамоти рекламавӣ - [email protected]
* Обуна ба иттилоот - [email protected]
* Масъалаҳои маъмурӣ - [email protected]
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Каждый седьмой гектар земли в Таджикистане страдает от засоления
Год таджикского мигранта: боль, унижения и нарушение прав
Российские аналитики определили главные вызовы для стран Центральной Азии
«Теперь лезут через заборы». В Душанбе демонтировали 17 пешеходных переходов
В Душанбе стартовали предновогодние ярмарки с продуктами по сниженным ценам
Кто они – новые заместители Эмомали Рахмона в НДПТ?
УМВД: В компьютерном центре в Душанбе подростки употребляли наркотики
Президент Грузии Саломе Зурабишвили отказалась уходить с поста и потребовала назначить новые выборы парламента
Трамп: «Правительство США будет признавать только два пола – мужской и женский»
Таджикские дзюдоисты завоевали медали на международном турнире Russian Judo Tour
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста