Рӯзноманигорони CNN дар бораи зиндагӣ дар Сурия баъд аз Давлати исломӣ – созмони террористии дар Тоҷикистон мамнӯъ гузориш таҳия намуданд. Дар яке аз марказҳои эҳё ва тавонбахшӣ онҳо писарбачаи тоҷикро пайдо кардаанд, ки волидонаш дар ҷангҳои ин созмон ҳалок шудаанд.

“Ал-Хол” урдугоҳест барои касоне, ки аз қаламрави зери назорати Давлати исломӣ дар қисмати шимолу шарқи Сурия ба ин ҷо интиқол ёфтаанд ва бо бад шудани вазъи ҳаёт, дар байни онҳо аз замони ҳукмронии Давлати исломӣ бо ҳастрат ёд мешавад”, - омадааст дар пешматни видеои CNN дар Facebook.

Писарбачаи 15-сола ҳам, бино ба маълумоти журналистон, дар сафи тахрибкорон ҷангидааст. Ӯ дар бораи гирифтани силоҳу камарбанди шаҳид ва нияти анҷоми таркиш дар пойгоҳи амрикоӣ нақл мекунад.

Гузориши 7-дақиқаӣ дар доираи лоиҳаи «Go There» таҳияву дар Facebook нашр шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.