Фазои аксари ноҳияҳои кишварро чангу ғубор пӯшонидаст. Он аз 23 то 25 сентябр боқӣ мемонад.
Ҳавои ғуборолуд, ки минтақаҳои ҷануб ва маркази Тоҷикистонро фаро гирифтааст, то рӯзи 25 сентябр боқӣ мемонад. Дурии биниш дар роҳҳои нақлиётгард то 200-700 метрро ташкил медиҳад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар шанҳри Душанбе имрӯз ҳавои камабри бебориш дар назар буда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 11+13° гарм, рӯзона 33+35° гарм мешавад.
Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҳавои камабри бебориш пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 6+11° гарм, рӯзона 25+30° гарм мешавад.
Дар ВМКБ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с вазида, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят (Дарвоз, Ванҷ) чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12° гарм, рӯзона 26+31° гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6° хунук, рӯзона 14+19° гарм мешавад.
Табибон қайд мекунанд, ки ҳавои ғуборолуд барои роҳҳои нафас зарарнок буда, тавсия медиҳанд, ки ниқобҳои тиббӣ истифода шавад ё даҳону биниро бо латтаи тар пӯшонидан лозим аст. Ҳамчунин барои ҳифзи чашмон аз хокбориш айнак пӯшидан зарур аст.
“Ин гуна ҳаво барои шахсони ҳассос (аллергик) ва афроди гирифтори бемориҳои роҳи нафас, бахусус, диққи нафас (бронхиальная астма), кӯдакон ва шахсони калонсол, ки аз касалиҳои дилу раг азият мекашанд, хатарнок аст”, - иброз дошт ба “Азия-Плюс” Тоҷилло Олимов, коромӯз (ассистент)-и кафедраи бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинии Пажуҳишгоҳи таҳсили баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ.
“Чунин ҳаво ба дарди сар, нафастангӣ, мушкил ва ҳатто бозистии нафасгирӣ боис шуда метавонад. Барои пешгирӣ гулӯ ва биниро бо маҳлули намак шустан лозим аст. Ҳангоми ба кӯча баромадан истифода аз ниқоби докагӣ зарур аст. Ниқобро намнок кардан беҳтар мебошад”, - мегӯяд Олимов.
Дар ҳавои пурғубор ба шахсони солимиашон заиф гаштугузори камтар дар кӯчаҳо, пӯшида нигоҳ доштани тирезаҳо, истифодаи таҷҳизоти ҳавософкун, кам кардани кору машқҳои ҷисмонӣ ва истеъмоли ҳарчи бештари нӯшокиҳоро тавсия мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарчи бештар истеъмоли маҳсулоти дорои маводи антиоксидант - сабзавоту кабудӣ, қот, моҳӣ ва равғани зайтун аз манфиат холӣ нест.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.