Дар майдони варзишии воқеъ дар қитъаи баҳсии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 23-юми сентябр бозии дӯстонаи футбол доир гардид. Дар он сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон иштирок карданд.
Ҳайати дастаҳо аз ҳар ду ҷониб аз 5-нафарӣ иборат буд. Вохӯрӣ мусовӣ - бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт, иттилоъ медиҳад хабаргузории turmush.kg
Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба футболбозон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, ҳокими ноҳияи Лайлак Боймурод Бекмуродов онҳоро бо мукофотпулӣ сарфароз гардонид.
Бозии футбол ба хотири таҳкими муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар баргузор шуда, ба тарғиби пешбурди тарзи ҳаёти солим равона шудааст.
“Умедворем, ки рӯйдодҳои рӯзи 16 сентябр дар сарҳад дигар такрор нашуда, дар ин майдони варзишӣ мо ҳарчи бештар чорабиниҳои муштарак мегузаронем. Имрӯз вазъ амну ором аст. Хизматчиёни ҳарбии хадамоти марзбонӣ сарҳадро посбонӣ карда, кормандони милитсия тартиботи ҷамъиятиро таъмин карда истодаанд”, - гуфт Боймурод Бекмуродов.
Ёдрас мекунем, ки дар натиҷаи низои шоми 16-уми сентябр дар мавзеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се афсару сарбози тоҷик ва як марзбони қирғиз ҷон бохтанд. Ба ҷуз ин, аз ҷониби Тоҷикистон панҷ низомӣ ва занону ду нафар кӯдак захмӣ шуданд. Дар бораи 13 нафар захмиён Вазорати тандурустии Қирғизистон низ хабар дод.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Медиа-группа «Азия-Плюс» поздравляет всех женщин с Днем матери и Международным женским днем!
Цветы, улыбки и подарки: как прошла ежегодная акция «Азия-Плюс» - «Модарони мо»
Официально: Первый пункт выдачи заказов Wildberries в Душанбе откроется в апреле
Politico: Трамп ограничил полномочия Маска и его DOGE в вопросах увольнения госслужащих
ICB поддерживает развитие национального футбола
Иди Сари сол: Что это за праздник, который отмечают худжандцы?
В Узбекистане банки обязали снизить процентную ставку по ипотечным кредитам
Цветочный бум на 8 марта. Почему в Таджикистане так дорого стоят цветы?
Эмомали Рахмон: «В Таджикистане сегодня нет такой сферы, в которой бы не работали женщины»
В программу Азиатских игр включили смешанные единоборства (ММА)
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста