Аксари сокинони пойтахт пешниҳод доранд, ки равуои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе бепул карда шавад.

Дар гурӯҳи «Мо-Тоҷикистониён» дар Facebook сокинони пойтахт аз он шикоят кардаанд, ки агар хонандагони мактабҳо роҳкиро надошта бошанд ё пулашон камӣ кунад, онҳоро аз нақлиёт мефароранд.

“Онҳо аз мактаб ба хонаҳояшон мераванд. Барои чӣ ронандагони автобусҳо онҳоро пиёда мекунанд? Ба куҷо равонаем? Охир онҳо кӯдаконанд ва боз хонандагони синфҳои поёнӣ. Баъд менависем, ки кӯдакон бедарак шудаанд. Онҳо чӣ хел то ба хонаҳояшон расанд? Онҳо на аз кор меоянд ва ё ба кор мераванд, балки ба таҳсил мераванду аз донишомӯзӣ меоянд. Наход равуоро барои хонадагони синфҳои поёнӣ бепул кардан имкон надошта бошад?”, - менависад корбар Дилангез Мухторова.
Скриншот аз Facebook

Дигар корбарон менависанд, ки қисмате аз хароҷоти рӯзонаро барои роҳкиро боқӣ гузоштан зарур аст.

“Хонандагони синнусоли гуногун ҳар рӯз барои чипсу кола ва ғайра на камтар аз 10 сомонӣ харҷ мекунанду барои роҳкиро 2 сомонӣ ҷудо карда наметавонанд? Беҳтараш барои кӯдакон чиптаи якмоҳа (проездной) бояд харид”, - менависанд корбарон.

Онҳо қайд мекунанд, ки роҳкиро бояд на барои хонандагон, балки барои маъюбон бепул карда шавад. “Давлат барои ин аз куҷо пул дорад? Замони шӯравӣ мо ҳам равуо доштем ва роҳкироро пардохт мекардем”, - менависад Татяна Котенкова.

Скриншот аз Facebook

Бепул танҳо барои то 5-солаҳо

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати робита бо ҷомеа ва ВАО-и корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» Қурбон Холов мегӯяд, мувофиқи моддаи 137-и қонун “Дар бораи нақлиёт”, кӯдакони синни то 5-сола аз автобусу троллейбус метавонанд бепул истифода кунанд.

“Ба синни аз 5 то 12-сола 50%-и пардохт пешниҳод мешавад. Тибқи қарори раиси пойтахт, танҳо нафақахӯрони синни аз 75-сола боло метавонанд бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ ва микроавтобусҳо истифода кунанд”, - иброз дошт ӯ.

Холов ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон барои равуо дар автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанбе барои наврасон корти “Наврас” вуҷуд дорад.

“Яке аз рақамҳои волидон ба ширкати «City Card» дода шуда, наврас корти 50-фоизӣ мегирад, ки тибқи он нархи роҳкиро дар автобус 60 дирам ва дар троллейбус 50 дирам муқаррар шудааст. Ин кортҳо дар микроавтобусҳо амал намекунанд”, - гуфт ӯ.

Қурбон Холов ҳамчунин зикр кард, ки дар бисёре аз ҳолатҳо ронандагон ё кондукторҳои нақлиёти ҷамъиятӣ худашон кӯдаконро ба нишастан даъват карда, аз онҳо пул намегиранд.

“Ҳолатҳое, ки кӯдаконро барои нарасидани пул роҳ намедиҳанд, ба инсофи ронандаву кондуктор вобаста аст. Дар сурати арзу шикояти мардум ронандаро даъват карда, бо ӯ суҳбат мекунем ва масъаларо мефаҳмонем. Онҳоро ҳатто ба муддати якчанд рӯз аз кор дар хатсайр маҳрум карда метавонем”, - гуфт ӯ.

Вай афзуд, ки микроавтобусҳо (маршруткаҳо) ба бахши хусусӣ тааллуқ доранд ва сарфи назар аз хонанда будан, роҳкиро бояд пардохта шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.