Рӯзи 1-уми октябр маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ҳамон шаби аввал хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба истилоҳ “облава” шуд. Сафи хоҳишмандони хизмати ҳарбӣ дар кишвар торафт кам мешавад. Сабаб чист?

Чаро волидон писарони худро ба ҳимояи Ватан намефиристанд? Дар кадом шароит онҳо ба фиристодани фарзандашон ба хизмати ҳарбӣ розӣ мешаванд? Худи ҷавонон саркашӣ аз хизматро чӣ гуна шарҳ медиҳанд? Духтарон бештар ба интихоби кадом ҳамсар барои худашон афзалият медиҳанд – ҷавони хизматкарда ё аз аскарӣ гурехта?

Дар кӯчаҳои Душанбе хабарнигори мо бо чунин суолҳо ба мардум муроҷиат кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.